Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) маъруф ба Бемористони “Якум советский” қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар кам гардидани муроҷиати беморонии коронавирус муассиса чор рӯз мешавад, ки ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштааст.

«Ҳафтаи гузашта дар муассисаи мазкур, 5- 6 бемор боқӣ монда буд ва баъди сиҳат ва ҷавоб додани онҳо аз беморхона, ин даргоҳ пурра зиддиуфунӣ гардида, қабули беморони коронаиврусро қатъ кард».

Бояд гуфт, ки аз 22 декабр, беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (дар наздикии беморхонаи Истиқлол) низ ба қабули беморон тибқи реҷаи маъмул оғоз намуда буд.

Беморхонаҳои дигари Душанбе моҳи июн ба кори муқаррарӣ баргаштанд ва қабули беморони гирифтори COVID-19-ро қатъ карданд.

Беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, пас аз таъмири асосӣ махсуси беморони COVID-19  шуд.

Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов  моҳи март баста шуда буд ва шаҳрвандонеро, ки аз хориҷа бар мегаштанд барои қарантин ба ин беморхона мефиристоданд. Ва аз моҳи май инҷониб бошад беморони коронавирус дар беморхона бистарӣ мешуданд. Кӯдакони гирифтори дигар бемориҳои сироятӣ аввал дар беморхонаи пӯсти шаҳр (дар маҳаллаи Комбинати гӯшт) ва сипас дар клиникаи пӯсти пойтахт (дар маҳаллаи Яккачинор) бистарӣ шуданд.

Манбаъи мо аз Вазорати тандурустӣ илова кард, ки табибони ин беморхона то ҳол дар клиникаи пӯсти пойтахт фаъоляит намуда, ба оҳистагӣ ба муассисаи тиббӣ баргардонида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло Беморхонаи бемориҳои сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон беморони гирифтори коронавирусро қабул ва табоат мекунанд. Ин беморхона дар охири моҳи август барои таъмир баста шуда буд ва қабули беморони гирифтори коронавирусро аз нимаи моҳи ноябр оғоз кард.

Дар вилояти Суғд низ беморхонаи вилоятӣ дар миёнаҳои моҳи декабр ба фаъолияти муқаррарӣ баргашта буд. Ҳамчунин бино ба иттилои дарёфтӣ се рӯз пеш дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ низ охирин бемори гирифтори коронавирусро баъди шифо ёфтан, рухсат кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.