Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пеш аз Соли нави мелодӣ ба аёдати  тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҳукумати вилоят дар шаҳри Бӯстон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро бо фарорасии Соли нав тарбик гуфта, ба 80 нафар тарбиятгирандагон дар шаҳри Бӯстон ва 308 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат дар ҷамоати Хистеварз туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.


“Вазифаи мо - фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили шумо буда, шумо уҳдадоред, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунед. Барои ин дар доираи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имконот муҳайё шудааст. Бигзор дар Соли нав ҳамаи орзуҳои шумо ҷомаи амал пӯшад”, - изҳор дошт зимни суханронӣ назди тарбиятгирандагон раиси вилоят.


Барои тарбиятгирандагон мактаб-интернатҳо чорабиниҳои идонаи солинавӣ ташкил карда шуда, дастархони идона ороста шуд.


Гуфта мешавад, дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки  шумораи бошандагони он 1857 нафарро ташкил медиҳад. Ба тарбиятгирандагону бошандагони муассисаҳо илова бар кумакҳои иҷтимоӣ дар арафаи идҳо низ кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ҳамаи муассисаҳои чорабиниҳои идона ташкил шуда, дастархони идона ороста мешавад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.