Соли навро тоҷикистониён бе барф пешвоз мегиранд: рӯзи 31 декабр дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест, лекин дар робита ба ҳавои софи офтобӣ, моро хунукии сахт дар пеш аст.

“Рӯзҳои Соли нав дар саросари кишвар ҳавои софи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин робита, дар аксарияти ноҳияҳо ҳаво хунук мешавад: дар водиҳо то 12 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 18 ва баъзан то 24 дараҷа хунук”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева.

Ба гуфтаи ӯ, обуҳаво аз ҳама бештар дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ хунук шуда, баъзан ҳарорат то 45 дараҷа поин меравад.

Ҷамила Байдуллоева ҳамчунин огоҳ кард, ки рӯзҳои Соли нав дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон яхбандӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (45 км-83 км) тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Шаби Соли нав обуҳаво чӣ гуна мешавад?

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзи 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дарназар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8-13 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 27-32 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 35-40 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.