Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2021 барои ихтироъ ва истеҳсоли доруворӣ алайҳи коронавирус озмоишгоҳи вирусологӣ таъсис бидиҳад. Дар ин бора Президенти академия Фарҳоди Раҳими ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст.

Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки ниҳоди зери раҳбарияш бо кишварҳои Чину Белорус дар созишнома бастааст ва бо кушода шудани роҳҳо нахустин мутахассисонро барои омӯзиш ба онҷо мефиристанд.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо  ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо  таъсис дода шаванд»,- гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ.

Президенти Академия гуфтааст, ки барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ вуҷуд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.