Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба зиёда аз 350 нафар рӯбандаю покизакорон ва гулпарварони шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои ғизоӣ тақдим карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рӯбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд изҳор намуд, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад.


“Зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад, - гуфт ӯ. - Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем”.

Гуфта мешавад, таъкид шуд, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати онҳо баҳои баланд медиҳанд.


Зикр мегардад, ки кумаки ғизоӣ ба рӯбандаю покизакорон ва гулпарварон аз орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва дигар маводи ғизоӣ иборат буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.