Ҳошим Муҳаммадӣ, раиси гурезагони афғонистонӣ дар вилояти Хатлон, соли 2017 барои ҳимоят аз 6 фарзанд ва хонумаш ба Тоҷикистон паноҳ овард. Зеро ба гуфти худаш дар шаҳри Кобул писари 22-солаашро куштанд. Дар Тоҷикистон бошад, барои буду бош ноҳияи Кӯшониёнро интихоб кардаанд.

Аз муҳандисию бонкдорӣ то аробакашию кандакорӣ

Оқои Ҳошим дар шаҳри Кобул муҳандиси ширкати барқи "Бришно" ва хонумаш муаллими таърих ва писару духтараш дар яке аз бонкҳои шаҳр кор мекарданду аз лиҳози иқтисодӣ ҳеҷ мушкиле надоштанд. Дар Тоҷикистон бошад, мисли паноҳҷӯёни дигар аз сабаби бекорӣ ба мушкилиҳои зиёде ру барӯ гаштаанд.

Ба қавли ин ҳамсуҳбатам барои рӯзгузаронӣ ӯ аввал аробакашӣ ва баъд кандакориро дар бозори шаҳри Бохтар пеша кард.

"Дар беҳтарин минтақаи шаҳри Кобул хона доштему муҳтоҷи ҳеҷ чиз набудем. Ҳудуди 12 ҳазор доллари амрикоӣ масраф кардем то ба Тоҷикистон биёем. Ҳарчанд ин ҷо аз лиҳози иқтисодӣ мушкилӣ дорем, аммо агар аз амнияту оромии Тоҷикистон хабар медоштем, 10 сол қабл инҷоро интихоб мекардем. Сарфи назар аз тангдастӣ, агар аз оромӣ ва амният дар ин кишвар хабар медоштем тезтар меомадем”.

Даромади ин хонавода ҳудуди 50 сомонӣ дар рӯз аст, ки барои пешбурди зиндагии оилаи 8-нафарӣ , маблағи ночизе мебошад. Дар баробари ин ҳама мушкилиҳо, чанде қабл духтари Ҳошим Муҳаммадӣ, ки бемории рӯҳӣ дошт, меуфтаду дасти худро мешиканад, ки ба гуфтаи хонавода барои табобаташ то 12 ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд. Пеш аз баста шудани марз доруҳои лозим барои муолиҷаи духтарро аз Афғонистон меовардаанд,  ҳоло ин барояшон имконнопазир аст.

Ҳоло марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ба далели ҳамагирии вируси куруно бар рӯйи ҳам бастаанд.

“Донишгоҳро хонду кор пайдо карда натавонист”

Садаф, духтари бузургтари ин хонавода таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар дар риштаи ҳуқуқ ва таърих идома дода, баъди хатми он натавонистааст ба худ кор пайдо кунад: "Духтарам ба ҳар ҷойе, ки барои вазифа (кор) муроҷиат мекунад, бо баҳонаи шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштан, ба ӯ ҷавоби рад медиҳанд",- мегӯяд модари Садаф.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ба паноҳандагон ҳуқуқ ба меҳнат ва фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро медиҳад. Дар сурати доштани ҷойи холии корӣ, аз рӯи касб ва малака паноҳандагон ба ҳар вазифа ҷалб мешаванд, ба истиснои он вазифаҳое, ки танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Бояд гуфт, ин таҷриба, дар аксар кишварҳои дунё паҳн вуҷуд дорад.

Гурезадухтар бо шаҳрванди Тоҷикистон хонавода барпо мекунад

Ҳошим Муҳаммадӣ

Ҷавонписари тоҷик, ки бо Садаф якҷо дар донишгоҳ таҳсил мекард, барои хостгорӣ хонаводаашро ба хонаи Садаф фиристод. Агарчӣ падару модари Садаф барои ин аҳд ризоият дода бошанд ҳам, аз сабаби бемории каронавирус тӯйи арӯсияшонро ба таъхир андохтанд: "Тоҷикистониён мардуми дилсӯз ва меҳрубон ҳастанд, ҳамеша ба мо дасти кумак дароз кардаанд. Барои аҳди духтарамон бо як тоҷикписар ҳеҷ мухолифате надорем", - мегӯяд модари Садаф.

Ин хонавода дар замини ҳавлие, ки киро кардаанд бо ёрии ҳамсояҳо баъзе сабзиҷот кишт карда, аз дарахтони лимуи соҳиби хона низ нигоҳубин мекунанд.  Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд хостори мондан дар Тоҷикистонанд.

" Зеро мо гуруснаи оромӣ ҳастем, ки онро дар Тоҷикистон пайдо кардем. Ошиқи ин диёр гаштему мехоҳем боқимонда умрамонро дар ин кишвар паси сар кунем. Аз  Ҷаноби олӣ президенти Тоҷикистон мехоҳем то барои сохтани хона ба мо чанд садяк замин кӯмак кунад",-гуфт бо гиря Ҳошим Муҳаммадӣ.

Ноҳияи Кушониён, яке аз ноҳияҳоест, ки дасти кам 33 хонаводаи гурезаи Афғонистон дар ин ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд ва ба иқрори паноҳандагон яке аз мувофиқтарин минтақа барои буду бош мебошад. Ба қавли паноҳҷӯёни афғонистоние, ки дар Кушониён зиндагӣ мекунанд, кирои хона, нархи маҳсулоти хӯрокӣ, мева ва сабзавот назар ба дигар минтақаҳои кишвар дар ин ноҳия арзонтар будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.