Баъд аз ду рӯзи сабти ном нашудани сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми 2 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар кишвар 4 ҳолати нав сабти ном шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар медиҳад. 

Рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ин рӯзҳо ҳеч ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст, ҳарчанд ҷузъиёти ин хабарро мақомот дар ихтиёри расонаҳо нагузошта буданд. 

Ҳоло бар асоси иттилои дарёфтӣ то 2-уми январи соли 2021 дар Тоҷикистон 13300 нафар гирифтори СOVID-19 шудаанду 90 кас бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аз ин шумора ба иттилои Вазорати тандурустӣ 12980 нафар сиҳат шудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.