Аз 1 январи соли 2021 ҳаҷми пардохтҳои гуногуни ҳатмии давлатӣ, аз ҷумла боҷҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 3,4% зиёд шуд, ки ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб вобаста аст.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли равон 60 сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи то охири соли равон амалкунанда (58 сомонӣ) ба андозаи 3,4% зиёдтар мебошад.

Мутобиқи меъёрҳои Буҷети давлатӣ, ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Акнун чӣ қадар пардохт мебояд кард?

Дар зер доир ба боҷҳои давлатие маълумот хоҳем дод, ки бештар маъмуланду ба мардум лозим меояд, ки бо онҳо зиёдтар сарукор дошта бошанд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ё дароз кардани муҳлати он аз 87 то 90 сомонӣ, раводиди чандинкарата аз 116 то 120 сомонӣ зиёд шуд.

Имсол боҷ барои гузоштани апостил ба шахсони воқеӣ аз 1 январ 37,4 сомонӣ (қаблан - 36,2 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ - 75 сомонӣ (қаблан - 72,5 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми боҷи имсола барои сабти ташкилоти байнулмилалӣ аз 5800 сомонӣ то ба 6000 сомонӣ, ташкилоти тиҷоратӣ - аз 1450 сомонӣ то ба 1500 сомонӣ, ташкилоти ғайритиҷоратӣ - аз 406 сомонӣ то ба 420 сомонӣ афзуд.

Арзиши боҷ барои бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ (патент) 60 сомонӣ (пештар - 58 сомонӣ) ва сабти соҳибкори инфиродӣ (бо шаҳодатнома) - 120 сомонӣ (пештар - 116 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Имсол барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият 120 сомонӣ (қаблан - 116 сомонӣ) ва тасдиқи ҳуҷҷат дар нотариус - 1,20 сомонӣ (қаблан - 1,16 сомонӣ) боҷи давлатӣ пардохт кардан лозим меояд.

Боҷ барои сабти ақди никоҳ бо шаҳрванди хориҷӣ имсол 120 сомонӣ (қаблан - 116 сомонӣ) нарх хоҳад дошт.

Ҳаҷми боҷ барои бекор кардани ақди никоҳ бо қарори суд аз 1 январ 60 сомонӣ (қаблан - 58 сомонӣ) ва бо розигии тарафайн - 90 сомонӣ (пештар - 87 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.