Озмуни вилоятии “Хомаи созанда”, ки ҳамасола дар миёни рӯзноманигорони вилояти Суғд баргузор мешуд, соли 2020 гузаронида нашуд. Ин озмун ҳамасола дар рӯзи Парчами миллӣ ҷамъбаст ва яке аз озмунҳои камназир дар кишвар буд.

Музаффар Юнусов сухангӯи раиси вилояти Суғд сабаби баргузор нагардидани озмуни “Хомаи созанда”-ро дар соли 2020 ба ҳамагирии коронавирус вобаста кард.

“Аз сабабе, ки бемории коронавирус ҳамаро фаро гирифт, мо соли 2020 ин озмунро нагузаронидем. Аммо соли 2021 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро идома хоҳем дод”,- мегӯяд  Юнусов.

Озмуни “Хомаи созанда” бодоштани будиҷаи 150 000 сомонӣ, яке аз озмунҳое дар кишвар байни рӯзноманигорон буд, ки ҳамасола то 100 нафар рӯзноманигорони шимоли кишвар дар он ширкат ва ҳавасманд карда мешуданд.

Ин озмун соли 2014, дар давраи роҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ раиси пешини вилояти Суғд таъсис ёфта буд, ки аз чанд бахшҳо барои расонаҳои чопиву электронӣ гузаронида мешуд.

Баргузор нашудани озмуни "Хомаи созанда" дар Суғд дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии вилояти Хатлон аз баргузории чунин як озмуне  бо номи “Нерӯи сухан” дар миёни рӯзноманигорони ин вилоят хабар дод ва эълон кард, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11-уми март таҷлил карда мешавад, ҷамъбаст мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.