Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ин ҳафта ҳарорат то 22 дараҷа хунук шуда, ҳарорат баъзан то 50 дараҷа поин меравад. Тамоми рӯзҳо дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 8-9 январи соли ҷорӣ бо сабаби софшавии ҳаво вақтҳои шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ то 10-150 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-220 хунук, дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ 25-300 хунук, дар баъзе минтақаҳо то 33-380 хунукӣ (дар мавзеи Булункӯл то 48-500 хунук) боқӣ мондани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло маълумотро коркард мекунанд ва каме баъдтар пешгӯйии саҳеҳтари обуҳавои рӯзҳои наздикро пешниҳод хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аллакай ҳама маълумотро коркард намуда, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои ғайримаъмулии хунукро дар ин кишвар пешгӯйӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони ӯзбек, ба минтақа антисиклони хунук равона аст, ки марказаш дар ноҳияҳои Сибир воқеъ аст.

Майдони фишори баланд ба мустақар гардидани ҳавои хунук давоми тамоми ҳафтаи аввали кории соли 2021 боис мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.