Кӯдакон на ҳамеша бо шунавоии паст таваллуд мешаванд. Бисёр вақт ҳисси шунавоии кӯдак метавонад бар асари бемориҳои сироятӣ аз байн биравад. Кӯдаке, ки  мушкили шунавоӣ дорад, чун кӯдакони дигар ҳуқуқ ба кӯдакии хушбахтона, таҳсил дар мактаб, маълумоти олӣ  ва зиндагии шоиста дорад.

Қадами  1. Муоинаи барвақтии кӯдак

Дар хонавода тифле ба дунё омад. Ин як ҳодисаи масарратбахш на танҳо барои волидон, балки барои пайвандону хешон низ ҳаст. Волидони ҷавон на ҳамеша дар тарбияи фарзанд таҷруба доранд. Онҳо ағлаб барои маслиҳат ба падару модарон ва ё хешону пайвандон муроҷиат мекунанд. Назар ба андешаи пизишкондарёфти маслиҳати   бузургони хонавода, бешак, муфид аст. Ҳамзамон муроҷиат  кардан барои машварат бо пизишки атфолро набояд фаромӯш кард. Онҳо метавонанд тавсияҳои ҳирфавӣ бидиҳанд.

Ҳамон тавре дар таҷрибаи рӯзгор ба назар мерасад, кӯдакони шунавоияшон  суст ағлаб солим ва бо ҳисси шунавоии хуб  таваллуд мешаванд.  Сабаби қисман ва ё комилан аз даст додани шунавоӣаз ҷониби кӯдак метавонад мубталошавии  ӯ ба амрози  сироятӣ ва ё бемориҳои  дигар бошад.  Мавридҳое ҳастанд, ки мушкили шунавоӣ метавонад ба ҳангоми зоиш ё таваллуд  пайдо шаванд. 

Дар сурати саривақт нарасонидани кӯмаки тиббӣ кӯдак метавонад шунавоиро аз даст бидиҳад.   Пизишкон тавсия медиҳанд,ки агар кӯдак ба муроҷиатҳои шифоҳӣ таври лозим посух надиҳад, волидон бояд билотаъхир ба Марказҳои саломатӣ ва пизишкони хонаводагӣ муроҷиат бикунанд.

Дар куҷо метавон дар мавриди мавҷудияти карии кӯдаки навзод ташхис гузаронд ?

Назар ба суханони пизишки ташхиси ултрасадоии маркази тиббии хусусии «Тибби Аҷам» дар шаҳри Хуҷанд Дилбар Мирзохонова, дар ҳоли ҳозир тиб қудрати мушаххас кардани ношунавоии кӯдакро ҳангоми дар батни модар буданаш надорад. Ташхис дар натиҷаи скрининги кӯдаки навзод дар рӯзи дуввуми ба дунё омаданаш баргузор  мешаваад.

Назар ба суханони пизишки ташхиси ултрасадоии зоишгоҳи вилояти Суғд Парвина Самадова  скрининг барои гузоштани ташхис дар ду марҳила сурат мегирад.

Скрининги аввал дар рӯзи дуввуми ба дунё омадани  атфол баргузор мегардад. Барои сокинони вилояти Суғд онро метавон дар зоишгоҳи вилоятӣ, ки дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст, баргузор кард.

Скриниги дуввумро  дар шифохонаи вилоятӣ, ки дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд қарор дорад, баргузор менамоянд.  Скринингро пизишки гӯшу гулӯ Далер Маҳмудов доир менамояд.

Пас аз ташхис, ба ҳангоми зарурати дахолати ҷарроҳӣ   атфолро ба маҷмааи тибии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  мефиристонанд.

Қадами 2. Муоинаи пизишкони махсус

Бо тавсияи пизишки хонаводагӣ кӯдак бояд аз муоинаи тиббии пизишкони бемориҳои гӯшу гулӯ ва руҳию равонӣ бигзарад.

Дар сурати  пайдо шудани  норасоиву камбуд дар дастгоҳи шунавоии кӯдак, ӯро метавон таҳти назорат қарор дод ва ба  муассисаи марбутаи тиббӣ барои муоинаи иловагии тиббӣ бифиристод.

Аз ҷумла, сокинони вилояти Суғд метавонанд ба машваратгоҳи вилоятии руҳию тиббию педагогӣ, ки  дар назди Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, муроҷиат кунанд.

Қадами 3. Машваратгоҳи руҳию тиббию педагогӣ( МРТП)

МРТП салоҳият дорад, то рушди кӯдаки дорои имконияташ маҳдудро арзёбӣ кунад, ба муассисаи марбутаи таълимӣ дар мавриди қобилияти кӯдак тавсия пешниҳод намояд.   Фаъолияти комиссияи мазкур ҳар моҳ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи саввум баргузор мегардад.  Ба ҳайати он шомил мешаванд: сармутахассис оид ба бемориҳои кӯдаконаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, нуқсшинос (логопед), пизишки бемориҳои руҳию равонӣ, асабшинос, сурдолог ва пизишки атфол.

Мактаб-интернати кӯдакони ношунаво ва камшунаво дар Хистеварз

Пас аз арзёбӣ онҳо хулосаеро ба тасвиб мерасонанд, ки дар он дар мавриди он ки оё кӯдаки мазкур барои таҳсил дар муассисаҳои маахсуси таълимии вилояти Суғд тавсия дода мешавад ё на, зикр мегардад.

Таври мисол, дар соли 2019  аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба МРТП 483 нафар кӯдакони дорои мушкили шунавоидошта муроҷиат кардаанд,ки 240 нафар  аз онҳо кӯдакони синни томактабӣ ва 243 нафар кӯдакони синни  мактабӣ мебошанд. Аз онҳо  337 нафар ба раванди таълим фаро гирифта шудаанд. 290 нафар кӯдакон ба мактаб-парваришгоҳи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, 35 нафар дар  мактаб- парваришгоҳ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди  Хуҷанд, 12 нафар дар  кӯдакистони №26 и шаҳри мазкур  ба  вориди таҳсил шуданд.  Ин ҳама кӯдакон дар назди сурдолог сабти ном шудаанд. Онҳо то ба расидан ба синни 18-солагӣ таҳти назорати ӯ қарор хоҳанд гирифт.

Қадами 4. Шомил шудан ба кӯдакистон ва ё мактаб

Барои он ки кӯдаки мушкили шунавоидоштаро дар кӯдакистон ва ё мактаб  сабти ном кунанд, волидонро зарур аст, то ба раҳбарони ин муассисаҳои таълимӣ тамос бигиранд. Онҳо барои шомил шудан ба муассисаи хеш феҳрасти санадҳои лозимро барояшон пешниҳод менамоянд. Ба феҳрасти ( рӯйхати) зерин ворид мешаваанд:

1) зоднома( шаҳодатнома)-и кӯдак;

2) маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

3) маълумотнома аз ҷойи кори волидон;

4) акси андозааш 3х4 (4 дона);

5) парвандаи шахсӣ ;

6) маълумотномаи тиббии навъи  №26 ва №63;

7) хулосаи машваратгоҳи вилоятии руҳию тиббию педагогӣ  дар бораи омодагии кӯдак ба таҳсил;

Бояд мутазаккир шуд, ки дар мактаб- парваришгоҳ барои кӯдакони ношунаво ва шунавоияшон суст хӯроки ройгон ва дар  хобгоҳ ҷой дода мешавад. Тамоми раванди таълим ройгон ба роҳ монда шудааст. Волидон муваззафанд, то мустақилона  барои кӯдаки худ колои шахсии мактабиро чун: қиф( сумка), дафтар, китобҳои таълимӣ, попӯш (пояфзор)  ва либоси ягонаи тавсиявиро   омода созанд.

Қадами 5. Масъулияти волидон

Володон таври муназзам аз болои раванди фарогирии барномаи таълимӣ аз ҷониби фарзандонашон назорат карда, онҳоро бо колои таълимӣ ва либос таъмин менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ кӯдакон аз рӯзи душанбе то ба ҷумъа таҳсил мекунанд.Ҳар рӯзи душанбе волидон бояд сари вақт кӯдаки хешро ба кӯдакистон оварда ва рӯзи ҷумъа шомгоҳон онҳоро вопас бигиранд.

Дар мактаб-парваришгоҳ бо баробари хатми соли таълимӣ волидон бояд кӯдакони хешро барои таътил бо худ бигиранд ва онҳоро қабл аз шуруъи соли нави таҳсил ба мактаб биёваранд. Волидон бояд ҳамеша ҳар навъ иқдомҳо ва ибтикороти кӯдакони хешро тақдир (қадршиносӣ)  бикунанд, барои зуҳуру  нумуъи истеъдод, нерӯ ва рушди зеҳнии онҳо шароити лозимро фароҳам биёваранд.

«Раҳнамои қадам ба қадам» барои волидоне, ки кӯдакони ношунаво ва ё шинавоияшон паст доранд, дар асоси машварат бо пизишки сурдолог, номзади улуми  тиб Абдуназир Очилзода ва мудири мактаб- парваришгоҳи  махсус барои кӯдакони  ношунаво ва  шунавоияшон сусти рустои Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Нигина Оголокулова таҳия шудааст.

Матлаби мазкур бо кӯмаки халқи Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ( USAID) амалӣ гардида, дар чаҳорчӯби  «Барномаҳои Осиёмарказии MediaCAMP”, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии  USAID  интишор ёфтааст. Созмони ҷамъиятии «Рангинкамон» масъули муҳтавои он буда, шарт нест, то мавқеи USAID,  Ҳукумати ИМА ва ёInternews-ро  инъикос намояд.

USAID оҷонсии пешрафтаи байналмилалии рушд буда, ҳамчун таҳрикдиҳандаи дастёбӣ ба рушди устувор ба шумор меравад. Фаъолияти USAID ба хотири пешрафт дар амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодӣ равона шуда, намоишгари  саховатмандии  халқи Амрико буда, дар дастёбии кишварҳои ҳамкор дар амри худкифоӣ ва устувории ҳаёт мусоидат мекунад                                 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.