Рӯзҳои 9-11 январи соли ҷорӣ бо сабаби софшавии ҳаво вақтҳои шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-170 хунук то 16-210 хунук,  дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ шабона 36-410 хунук, рӯзона 20-250 хунук (дар мавзеи Булункӯл шабона 50-520 хунук, рӯзона 33-350 хунук) пешгӯӣ мешавад.

Ин рӯзҳо дар Хуҷанд ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорат рӯзона 3-5 дараҷа хунук мешавад. Дар маҷмӯъ дар вилояти Суғд дар баъзе ноҳияҳо каме барф меборад. Дар кӯҳҳо 9-14 дараҷа хунук мешавад. То рӯзи 11 январ ҳарорат то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Ҳарорат 4-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят рӯзона обуҳавои 16-21 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то 24-26 дараҷа хунук) пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳаво каме гармтар шуда, ҳарорат аз 2-4 дараҷа хунук дар аввали рӯзҳо ва то 11 январ ба 8-20 дараҷа гармӣ мерасад. Дар минтақа ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф дар назар буда, баъзан туман мефарояд.

Дар Душанбе асосан шабона хунук мешавад. Ҳарчанд 8 январ рӯзона аз 2-4 дараҷа хунукӣ, боридани барфи начандон зиёд ва туман интизорӣ меравад. То 11 январ ҳарорат рӯзона то 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.