Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар пойтахт курсҳои омӯзиши забони русӣ ташкил кард. Ҳадаф аз роҳандозии ин давраҳои омӯзишӣ беҳбуди сатҳи донистани забони русӣ байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба таҳсил, инчунин кумак ба дарёфти кор мебошад, хабар доданд аз Кумита.

Курсҳо дар доираи татбиқи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2021” гузаронида шуда, комилан бепуланд ва аз ҷониби шаҳрдории пойтахт маблағгузорӣ мешаванд.

Имсол дар 4 семоҳа дар мактаби №59-и ноҳияи Сино 4 давраи омӯзишӣ барпо карда мешавад. Ҳар кадоме аз курсҳо 3 моҳ давом мекунад. Айни замон гурӯҳи ҷавонони иборат аз 35 нафар ба омӯзиши забони русӣ пардохтанд. Бо хатми давраи омӯзишӣ ба онҳо гувоҳнома (сертификат)-и Департаменти шуғл ва меҳнати шаҳри Душанбе дода мешавад.

“Дар чаҳорчӯби барномаи дар боло зикршуда тӯли сол шояд чунин курсҳо дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ роҳандозӣ шаванд”, - гуфтанд дар Кумита.

Ба баргузории курсҳои омӯзиши забонҳо Департаменти кор бо ҷавонон ва варзиши Душанбе ва Департаменти шуғл ва меҳнат масъуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.