Дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии пешакии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода мешавад, хабар медиҳад ҳукумати ВМКБ. 

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси вилоят ин нуктаро муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини ҳифзуссиҳат ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор додааст

Тоҳир Ниятбеков як устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино зимни барассии масъалаи мазкур, таъсиси филиали мазкурро барои омода намудани довталабони риштаи тиб барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ карда гуфтааст, ки "бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад".

Бино ба иттилои ҳукумати ВМКБ таҳсил дар ин марказ  8 моҳро дар бар мегирад. Намояндагони донишгоҳ гуфтаанд, ки таъсиси филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон додааст, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мешаванд.

Муовини раиси вилоят дар ин нишаст дар мавриди зарурати таҳсили довталабон аз минтақаҳои дурдасти вилоят сухан карда, хостори додани имтиёз барои довталабони оилаҳои ниёзманд шудааст.