Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймзода низ ба мардикорбозори занонаи шаҳри Бохтар рафтааст.  Гуфта мешавад ин муовини раиси вилоят ба хотири шиносоӣ бо вазъи корҷӯён ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли бо кор таъмин кардани корҷӯён ба ин мардикорбозор омадааст.

Акрам Сулаймзода зимни суҳбат бо муовинони раисони чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шуъбаҳои он дар шаҳри Бохтар, Левакант ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Вахш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дастур дод, ки зина ба зина барои бо кор таъмин кардани корҷӯёни ин бозор, аз ҷумла занон тадбирҳои зарурӣ биандешанд.

Муовини раиси вилоят дар сӯҳбат бо занҳои корҷӯ изҳор дошт, ки мақсади омадани мо шиносоӣ бо вазъи шумо ва ҷустану пайдо кардани роҳҳои осонтари пайдо кардани кор барои шумост.

“Мо мехоҳем, ки бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо як махзани умумии корҷӯёнро ташкил кунем ва ҳамкориро бо корфармоён ба роҳ монад. Мақсад аз ин андеша дар он аст, ки Шумо омада дар ин сармо наистед ва дар хонаи гарми худ бо фарзандон бошед ва вақте ба кори Шумо талабот пайдо шуд шуморо тариқи телефон ба кор даъват кунанд. Бо ин роҳ ҳам Шумо азоб намекашед, ҳам назди фарзанодон мемонед ва ҳам саломатиятонро эмин нигоҳ медоред”,- гуфт муовини раиси вилоят.

Қобилҷон Файзализода сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ба муовини раиси вилоят хабар дод, ки мутахассисони онҳо рӯйхати корҷӯёнро тартиб додаанд ва мехоҳанд онҳоро ба омӯзиши касбҳои кафшергарии барқӣ, барқчӣ, барномаҳои компютери, ҳаррот ва дигар ихтисосҳо ҷалб намоянд.

“Мо алакай руйхатҳоро тартиб додаем ва гурӯҳҳоро мувофиқи дархости худи корҷӯён тартиб дода истодаем. Аз 15 январи соли 2021 омӯзиш дар курсҳои кутоҳмудати касбомӯзи дар маркази омузиши калонсолон шуруъ хоҳад шуд. Баъди хатми ин курсҳо ба онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, яъне сертификат дода мешавад, ки дар асоси он метавонанд дар коргоҳу корхона ё ширкатҳо ба кор қабул шаванд”, - гуфт Қобилҷон Файзализода.

Asia-Plus

Дар ин мулоқот чанд нафар корҷуён аз он шикоят карданд, ки барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои камбизоатӣ ва ҳуҷҷатҳои маъюбӣ дар мақомотҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳояшон ба мушкили рӯ ба рӯ мешаванд.

Акрам Сулаймзода аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони бахши занон, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ талаб кард, ки фавран ба мушкилии ин нафарон расидагӣ кунанд.

Ҳамчунин ба муовини раиси вилоят хабар доданд, ки чанде аз ташкилотҳои ҷамъияти барои занони корҷӯи ин мавзеъ кумакҳои иҷтимоӣ расонида истодаанд. Муовини ррасиси вилоят гуфтааст, ки “расонидани кумакҳои хайриявӣ дар шароити имрӯз хуб аст, вале ин роҳи ҳалли мушкил нест. Мо бояд талош кунем ба инҳо ҷойи кор пайдо кунем, - гуфт Акрамзода.

Ҳамчунин гуфта мешавад Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои ин корҷӯён дар мардикорбозор ярмаркаи ҷойҳои кор ташкил кардааст.

Asia-Plus

Мардикорбозори занонаи шаҳри Бохтар дар як соли ахир сари забонҳост.

Чанде пеш вазири тозатаъини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ҳам ба дидорбинии ин занҳо рафта буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.