Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони мактабҳоро беасос медонад. Вазорат мегӯяд, ки таътил ба тартибе, ки буд, 10 рӯз аст ва дарсҳо 11-уми январ оғоз мешаванд. 

Вале тӯли чанд рӯз аст, ки сару садоҳо дар мавриди тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни волидон мечархад. Бархе аз волидайни хонандагон ба  «Азия-Плюс» низ дар мавриди ҳақиқат доштан ё надоштани ин сару садоҳо муроҷиат карданд.

Аз Вазорати маориф ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ин овозаҳо беасосанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз тасмими тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагони мактаб гирифта нашудааст.

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуоти вазорат мегӯяд, ки то имрӯз аз ҳеч ноҳияи кишвар, ҳатто ноҳияҳое, ки ҳаво дар он ҷо хеле сард аст, барои тамдиди таътил расман муроҷиатнома ворид нашудааст, ки солҳои пешин чунин дархостҳо мешуд.

«То имрӯз ҳатто тариқи телефон ба мо муроҷиат нашудааст, ки таътил то 25-ум идома меёбад. Таҷириба буд, ки соли гузашта аз деҳаҳои дурдасти ВМКБ расман муроҷиат карданд, ки бинобар сардии ҳаво таътили зимистона тамдид карда шавад. Ва ба хотири сарди ҳаво дар ин минтақа таътили хонандагон як  ҳафтаи дигар идома ёфт. Вале имсол ба сардии ҳаво низ нигоҳ накарда, ба Вазорати маориф касе муроҷиат накардааст», - гуфт Сафарзода.

Бояд гуфт, ки хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд, ки акнун 11-уми январ, рӯзи душанбе дарс дар мактабҳо оғоз мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.