Иқдоми «Шедрое лето» ба анҷом расид! Дар тӯли 3 моҳи иқдом 57 адад техникаи маишии хурду калон ва се мошини тамғаи Ravon4 қуръакашӣ шуд. Ҳама метавонистанд иштирокчии иқдом гарданд, барои ин бастаи «Шедрое лето»-ро харида, рамзи дар дохили баста ҷойгир шударо дар сомона ва ё бо ирсоли SMS ба рақами 3142 ворид намудан лозим буд. Қуръакашии ниҳоӣ дар сомонаи schedroeleto.tj рӯзи 30 декабр соати 12:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд. Рамзҳои ғолибонро генератори рақамӣ тасодуфӣ муайян мекард.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби мошини аввал сокини ноҳияи Б.Ғафуров - ТошматовАбдувалӣ буд.

Мошини дуюмро як донишҷӯи 20-солаи шаҳри Хуҷанд – Сангинов Мирзоҳалим ба даст овард.

Ғолиби бозии ниҳоӣ ва соҳиби мошини сеюми Ravon 4 сокини шаҳри Турсунзода аз деҳаи Қаратоғ-Ҳалимов Маъруф буд.

«Ман ба ширкати «Шедрое лето» барои ташкили иқдоми мазкур миннатдории худро баён мекунам. Умуман, мо аксар вақт маҳсулоти «Шедрое лето»-ро истеъмол мекунем. Модар аз он маҳсулоти қаннодии аълои худро мепазад, ки хеле болаззат ва хушбӯй мебошанд. Бо ширкат кардан дар иқдом бо шарофати ин маҳсулот, манн ҷоизаи асосӣ – мошинро ба даст овардам. Ман умедвор будам, ки ягон ҷоиза мегирам, аммо ҳеҷ орзу карда наметавонистам, ки соҳиби мошин мешавам",-гуфт Ҳалимов.


Далер Остонаев,

Менеҷери минтақавии ҶСК «Жировой комбинат» ш. Екатеринбург дарТоҷикистон

 «Ҳамин тавр, иқдоми бузурги мо хотима ёфт. Натиҷаҳои чорабинии моро ҷамъбаст намуда, ман мехоҳам ба иштирокчиёни мо барои эътимод ба маҳсулот миннатдории амиқ баён кунам. 57 адад техникаи маишӣ ғолибони худро ёфт. Се барандаи ҷоизаи аъло Ravon 4 низ муайян карда шуданд. Бояд қайд намоям, ки барои иштирок дар ин қуръакашӣ зиёда аз ним миллион рамз сабт карда шуд".

Шумо метавонед рӯйхати ҳамаи ғолибони иқдомро дар сомонаи schedroeleto.tj пайдо кунед.