Рӯзи 13-уми январ созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW)  ё худ Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши солона оид ба вазъи озодиҳо дар 100 кишвари ҷаҳонро муаррифӣ кард.

Тавре Радиои Озодӣ аз қавли муҳаққиқони созмон хабар медиҳад, Тоҷикистон “бо зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон идома дода, онҳоро бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон андохтааст”. Дар гузориш омадааст, ҳукумати Тоҷикистон озодии баён, ҷамъомад ва озодии динро аз роҳи ҷорӣ кардани сензураи қавӣ дар Интернет маҳдуд кардааст.

Ҳю Вилямсон, масъули бахши Осиёи Марказӣ дар HRW, ки дар конфронси видеоӣ аз Берлин иштирок мекард, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи арзёбиҳои вазъи Тоҷикистон дар соли 2020 гуфтааст:

“Соли 2020 барои Тоҷикистон як соли бади дигар буд. Моҳи март интихоботи порлумонӣ гузашт, ки ба қавли нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо “озоду одилона набуд”. Тоҷикистон дар эътироф кардани пандемия хеле дер кард ва бо ин кораш зиндагии одамони зиёдро таҳти хатар гузошт. COVID дар зиндонҳо ҳам паҳн шуд. Вазъ бисёр ташвишовар буд. Инчунин хушунати хонаводагӣ ҳам афзоиш ёфт. Посухи саволи шумо ин аст, ки соли гузашта вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шуд”.

Ҳю Вилямсон, айни замон, бархе кору тамоюлҳоеро ёдовар шуд, ки дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дида шуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, “Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаи солонааш бо ҳукумати Тоҷикистон чандин масоили марбут ба ҳуқуқи башарро матраҳ кард. Як гурӯҳи кории муҳими СММ бо мақомоти тоҷик идомаи ба зиндон андохтани сиёсатмадорони мухолифро дар Тоҷикистон дар миён гузошт.

Аз ин рӯ, мо аз шарикони байналмилалӣ тақозо мекунем, ки барои матраҳ шудани масоили ҳуқуқи инсон кори бештар кунанд ва ин мавзӯъро ба як ҷузъи муҳими ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон қарор диҳанд. Инчунин, тақозо мекунем, дар равобити худ нигарониҳо аз ҳуқуқи башарро бо масоили иқтисодӣ ва амниятӣ пайванд бидиҳанд”.

Дар гузориши солонаи HRW омадааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон “дар фазои зери назорати сахт гузашт” ва “мухолифони воқеӣ берун карда шуданд”. Ба маҷлиси қонунгузор ҳеҷ як аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократӣ роҳ наёфтанд, дар ҳоле, ки фаъолияти ҳизби умдаи мухолиф – Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 2015 манъ шудааст.

Дар гузориш сарнавишти зиндониҳо дар давраи пандемияро ҳам зикр карда ва гуфтаанд, ки “мақомот барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар зиндонҳо ҳеч коре накарданд”. Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, аз баҳор то тирамоҳ дарҳои зиндонҳоро баста, мулоқоти хешутабор бо зиндониҳоро барои роҳ наёфтани COVID манъ карданд.

Мақомот гуфтанд, барои зиндониҳои бемор додани дору иҷоза буд. Ба иттилои вазири адлия Музаффар Ашӯриён, 98 зиндонӣ ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда, 11 нафар бар асари ҳамин беморӣ ҷон дод. Мақомот ҳеҷ гоҳ эътироф накарданд, ки дар зиндон COVID-19 роҳ ёфта буд.

HRW мегӯяд, мақомоти зиндонҳо ба дигар маҳбусон муошират бо ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро манъ карданд. Ёров, ба қавли созмон, бо вуҷуди тақозои озодии Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона пушти панҷара мемонад.

Дар гузориш инчунин аз мавридҳои таъқибу азияти мунаққидон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, фаъолони “Гурӯҳи 24”-и сокини Русия Хурсанд Нажмиддинов ва Ҷамшед Шарипов ёдовар шудааст. Ҳизбулло Шовализода, ки аз ҷониби мақомоти Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, бо иттиҳоми узвият дар ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуд, вале ин ҳизб мегӯяд, ки Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуд. Дар Литва як фаъоли дигари мухолифон Илҳомҷон Ёқубов аз ҷониби ду ҳамлагар латукӯб шуд.

Дар гузориш аз азиятҳои наздикони собиқ аъзои раёсати ҲНИТ – духтари Ҳикматулло Сайфуллозода – Фарзона ва писари Зубайдуллоҳи Розиқ – Асрориддин ёдовар шудаанд. Ба қавли HRW, Фарзона Сайфуллозодаро маҷбур карданд, ки зери навори видеоӣ зидди ҲНИТ сӯҳбат кунад. Асрориддин Розиқов бо иттиҳоми ифротгарӣ ба зиндон рафт, 13 узви хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, узви дигари ҲНИТ, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, боздошту азият шуданд.

Дар бахши озодии баён бо такя ба Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз 80 мавриди озору азияти журналистон дар солҳои 2017-2019 хабар додааст. Гузориш аз як соли зиндони Далер Шарипов, журналисти мустақил, иттиҳом ба вебсайти Akhbor.com ба “хидмат ба созмонҳои террористӣ”, латукӯби журналисти “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатӣ, манъи сабтиноми журналисти ТВ “Настоящее время” Анушервон Орипов ва сабти ном накардани 8 журналисти Радиои Озодӣ барои кор ҳамчун мавридҳои дигари поймолшавии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.

Вазъият дар Осиёи Марказӣ

Дар гузориши HRW омадааст, дар Осиёи Марказӣ мунтақидони ҳукумати Қазоқистон бо “азияту озор ва таъқиб рӯбарӯ шуданд ва озодии баён маҳдуд шуд”.

Мақомот дар Қирғизистон дар иҷрои фаъолиятҳои касбии журналистону ҳуқуқшиносон мушкил эҷод карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, низоми сиёсии Узбекистон “асосан худкома” буда, ҳамоно ҳазорҳо диндор пушти панҷара мондаанд. Дар ин кишвар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ сабти ном намешаванд ва кори маҷбурӣ решакан нашудааст.

Туркманистон, як кишвари Осиёи Марказӣ, ки то ҳол вуҷуди COVID-19-ро рад мекунад, бо ин кораш, ба қавли HRW, “як бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодие эҷод кардааст, ки торафт амиқтар мешавад”.