Барномасози ҷавон аз Хуҷанд Фаррух Қосимов барои ҳисоби арзиши муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт лоиҳаи сомонаи нави texosmotr.tj-ро таҳия намуд. Корбарон тариқи он метавонанд мустақилона хароҷот барои муоинаи техникии автомашинаи худро ҳисоб кунанд.

“Шахсоне ҳастанд, ки зимни гузаронидани автомашинаашон аз муоинаи техникӣ душворӣ мекашанд ва ин замима ба моликони воситаҳои нақлиёт кумак карда, кори онҳоро осон мекунад”, - мегӯяд Фаррух.

Баъди чанде Фаррух домен ба қайд гирифта, лоиҳаашро дар Фейсбук ҷойгир кардааст ва мегӯяд, аз корбарон ҷиҳати беҳбуди муҳтавои сомона пешниҳодҳои зиёде гирифта, инро оянда ҳатман ба инобат хоҳад гирифт.

Дар сомонаи texosmotr.tj моликони автомашинаҳои сабукрав ё боркаш, инчнин автобусу микроавтобусҳо арзиши аз муоинаи техникӣ гузаштани воситаи нақлиёти худро муайян карда метавонанд.

Корбарӣ дар сомона хеле осон аст. Ба он ворид шуда, дар гӯшаи дахлдор навъи автомобилро интихоб мекунед, сипас қувваи муҳаррики мошин ва таҷҳизоти газӣ доштан ё надоштани онро зикр карда, ба тугмаи “Ҳисоб кардан” пахш мекунед. Баъди лаҳзае дар экран арзиши пурраи арзиши муоинаи техникии автомашинаи шумо пайдо мешавад.


Қобили зикр аст, ки муоинаи техникии воситаи нақлиёт бояд дар як сол як маротиба гузаронида шавад. Муоинаи техникии нақлиёти мусофирбар бояд ҳар шаш моҳ баргузор шавад.

Барои дар муҳлати муқарраршуда нагузаронидани муоинаи техникии воситаи нақлиёт ҷарима ба маблағи се нишондиҳанда барои ҳисоб пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.