Гуруҳе аз хонандаҳои тоҷик дар як озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон 19 медал, аз ҷумла ду тилло, панҷ нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Хонандаҳои тоҷик дар 11 тим дар Олимпинади байналмилалии информатика, риёзӣ ва физикаи Жаутиковский, ки барои хонандаҳои синфҳои 10-11 аст, дар Алматтои Қазоқистон ба таври маҷозӣ ширкат кардаанд.

Аз гимназияи "Ҳотам ПВ" ба “Азия Плюс” гуфтанд, ки  имсол ин озмун аз 7-13-уми январ соли 2021 сурат гирифт, ки  Ҷамшед Рустамов ва Вазир Пиров хонандаҳои филиали ин гимназия дар шаҳри Ҳисор барандаи нишонҳои тиллоӣ шудаанд.

Ҳамчунин муаллими ин филиали "Ҳотам ПВ” Олимҷон Пирмуҳамад низ дар озмуни миёни омӯзгорони ин олимпиада барандаи медали тилло шудааст.

Тоҷикистонро дар ин озмуни байналмилалии хонандагон тимҳои Литсейи №1 ба номи академик Осимии шаҳри Хуҷанд, Литсейи №1 Ҷаббор Расулов (як биринҷӣ) ва Литсейи №6, шаҳри Исфара, Мактаби ба номи Ҷӯраеви шаҳри Конибодом (як нуқра ва як биринҷӣ), Литсейи хонандагони болаёқати Душанбе (ду нуқраву як биринҷӣ), гимназияи “Ҳотам ПВ” (филиали Ваҳдат – як нуқра ва чор биринҷӣ), Ҳотам ПВ (филиали Ҳисор – 2 тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ), Ҳотам ПВ (Душанбе), Мактаби президентии шаҳри Бӯстон, Литсейи №1 ба номи Ниёз Сафари шаҳри Душанбе (як биринҷӣ), Литсейи хонандагони болаёқати Душанбе  ва Литсейи дигари хонандагони болаёқати намояндагӣ кардаанд.

Имсол ин олимпиада дар миёни 146 тими 20 кишвари дунё баргузор шудааст. Дар он хонандаҳои кишварҳое чун Русия, Индонезия, Руминя, Булғористон, Ҳиндустон, Укроин, Дания, Сербистон ва ғайра ширкат кардаанд.

Ин озмун дар Қазоқистон аз соли 2005 ба ин сӯ гузаронида мешавад, ки дар он хонандагон дар ҳайти тимҳое, ки на бештар аз 7 узв доранд ширкат мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.