Бозори бузургтарини пойтахт - “Корвон” ба таври назаррас дигаргун мешавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 марти соли гузашта азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон”  бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст.

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аксҳои чӣ гуна дигаргун шудани бозори “Корвон”-ро пас аз навсозӣ нашр кардааст.

facebook.com/archdushanbe

Тавре аз аксҳо бармеояд, намо (фасад)-и бозор мутамарказ шуда, бо тарзу усули миллӣ ва бо чанд дарвозаи асосӣ - даромадгоҳ ва сутунпояҳои сершумор сохта мешавад.

facebook.com/archdushanbe

Пас аз навсозӣ дар бозор дар ниҳояти кор таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо сохта шуда, роҳи байни бозор аз автомашинаҳои сершумор ва ҳолатҳои танбашавии зиёди нақлиёт озод карда мешавад.

Қаблан меъмори ноҳияи Фирдавсӣ Фаридун Ҷомиев ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар наздикии бозори “Корвон” таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина сохта мешавад.

То тирамоҳ дар назди бозори "Корвон" чунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо сохта мешавад
facebook.com/archdushanbe

“Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Таваққуфгоҳ аз ҳисоби ҶДММ “Корвон” сохта шуда, маблағи ҷуброни хонаҳои кӯчонидашуда низ аз ҷониби бозор пардохта шуд”, - изҳор дошта буд ӯ.

Ба истифода додани иншоот соли оянда, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имсол моҳи сентябр таҷлил мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

facebook.com/archdushanbe

Таъмири 1,85 км масофаи роҳи байни бозори “Корвон” дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз оғози бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр 10 июни соли 2020 оғоз гардид.

Бозори "Корвон"
Asia-Plus, акс аз бойгонӣ

Охири соли гузашта аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шуд. Ин корҳо бояд аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, лекин ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.