Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи грантии моҳи октябри соли гузашта имзошударо байни Тоҷикистону Бонки осиёии рушд (БОР) аз рӯйи лоиҳаи “Беҳбуди малакаҳои касбӣ ва имконоти таъмин бо шуғл” тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур барои омодасозии касбии муҳоҷирони кории ояндаи тоҷик равона мешавад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа дар чанде аз ноҳияҳои кишвар ифтитоҳи марказ ва курсҳои тайёр кардани мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, бахши хизматрасонӣ, таъмири автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Маҷидӣ зикр кард, ки барои амалисозии лоиҳа БОР 30 млн доллар, ҳукумати Ҷопон - 1,5 млн доллар ва ҳукумати Тоҷикистон - 3 млн доллар ҷудо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.