Дар доираи сафар ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои сохтмони пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, лавҳа бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бунёд мегардад.

Гуфта мешавад, сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва паҳнояш 10 метр хоҳад буд.

“Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд”, - қайд мешавад дар хабари ҳҳукумати вилоят.

Зикр мегардад, ки қарор аст бунёди лавҳи мазкур дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён ояндаи наздик ба итмом бирасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.