Дар Тоҷикистон 1-уми феврал ба намозгузорӣ дар масҷидҳо иҷоза дода шавад. Дар ин бора Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон расман қарор содир кард.

Ин тавофуқ дар ҷаласаи дирӯзи Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки ҳосил шуда.

Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно 3-юми марти соли 2020 баста буданд, ки дубора дар охири моҳи март боз иҷоза доданд, вале аз 18-уми апрели соли 2020 дигарбора дари масоҷид ба далели пешгирӣ аз сироят наёфтан баста шуда буд.  

Гуфта мешавад дар ҷаласаи Ситод Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин масъул шудаанд, ки шарту шароити намозгузорӣ дар масоҷидро ба дар назар гирифтани хатарҳои коронавирус муайян кунанд.

Агар то якуми феврал иттифоқи дигаре рух надиҳад ба намозгузорӣ дар масҷидҳо иҷоза дода мешавад, - гуфт манбаъи "Азия-Плюс".

Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ниҳодҳои масъулро муваззаф кардааст, ки шарту шароитро барои намозгузорон эълон мекунанд. 

Бино ба иттилои расмие, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар чанд рӯзи ахир пешниҳод мекунад, дар Тоҷикистон мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус дигар сабти ном нашудааст ва беморони гирифтор ба ин вирус ҳам дигар боқӣ намондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.