Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ босуръат ҷараён дошта, то ҷашни Наврӯз барои сокинони шаҳр макони нави истироҳату фароғат сохта мешавад. Дар паҳлӯи меҳмонхонаи “Эҳсон” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ гулгашти нав сохта хоҳад шуд.

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмону насб ва таъмиру навсозии зиёда аз 510 иншооти гуногун дар шаҳр ба нақша гирифта шуда, қисмати зиёди ин корҳо аллакай ба анҷом расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.

Бинокорони гулгашти паҳлӯи меҳмонхонаи "Эҳсон"
Сурат: хадамоти матбуоти шаҳрдории Хуҷанд

Беш аз 473 иншооти гуногуни таъиноти иҷимоӣ, тиҷорат ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 4 корхонаи истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхису ва муолиҷа, 1 боғи фарҳангу истироҳат, 1 расадхона (обсерватория), 2 маркази хизматгузорӣ, 4 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 1 иншооти обтаъминкунӣ, 74 нуқтаи фурӯш ва хизматгузорӣ сохта шуд. Барои ин корҳо 121 млн 754 ҳазор сомонӣ харҷ шуда, 605 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.

Дар илова ба нақша, дар ин давра дар Хуҷанд зиёда аз 70 иншооти гуногуни таъиноти истеҳсолӣ ва манзилҳо, аз ҷумла, кошонаҳои ҳусн, марказҳои таълимӣ, устохонаҳо, марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.

Айни замон дар кӯдакистони №35, шабакаи савдои чаканаи супермаркети “Амид”, бинои “Тоҷикстандарт” ва дигар иншооти гуногун корҳои сохтмону насб идома доранд.

Бинои "Тоҷикстандарт" дар Хуҷанд
Сурат: хадамоти матбуоти шаҳрдории Хуҷанд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.