Дар деҳаи Армуғони ноҳияи Рӯдакӣ ҳукумат ба тахриби хонаҳое оғоз намуд, ки сохтмонашон ғайриқонунӣ шуморида мешаванд. Масолеҳи сохтмон корношоям шуда, соҳибони хонаҳо зарари моддии зиёд диданд.

Одамоне, ки бесарпаноҳ монданд, акнун намедонанду, ки куҷо раванду ба кӣ муроҷиат кунанд. Оилаҳо дар кӯча монданд, баъзе оилаҳо кӯдакони хурдсол доранд.

Тахриби хонаҳои сокинони деҳаи Армуғон

Рӯзи 20 январ намояндагони ҳукумат ба деҳаи Армуғон омада, талаб карданд, ки таъҷилан 23 хонаи сокинони ин деҳа вайрон карда шавад.

Сабаби вайрон кардани хонаҳоро касе намедонад, ба онҳо танҳо гуфтанд, ки: “Сохтмон ин ҷо ғайриқонунӣ аст”. Хонаҳои навсохтмон, ки аз соли 2018 ҳуҷҷат доранд, вайрон карда шуданд.

Мо ба чанде аз хонаҳои тахрибшуда рафтем. Маълум шуд, ки соҳибони онҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.


Тибқи ҳисоби бинокорони маҳаллӣ, барои сохтани ҳар кадоме аз чунин хонаҳо аз 15 ҳазор доллар ва зиёдтар аз он маблағ харҷ шудааст. Шоҳидон мегӯянд, вақте ба тахриби манзилҳо бо ёрии техника оғоз намудаанд, бархе онро аксу наворбардоӣ карданӣ шудаанд, лекин телефонҳои онҳоро кашида гирифтаанд...

1/8

“Акнун ба куҷо муроҷиат кунем?”

Ба соҳибманзилоне, ки дар хонаашон буданд, барои вайрон крадани хонаҳо муҳлат додаанд, то ки масолеҳи сохтмон корншоям нашавад. Айни замон одамон боми хонаи худро канда истодаанд. Муҳаммадзариф, яке аз ҷабрдидагон бо таассуф мегӯяд: “Акнун ба куҷо муроҷиат кунем?”.


Ба гуфтаи Меҳрангез, як зани миёнсол, ӯ барои сохитмон таммоми ҳуҷҷатҳои заруриро дорад: қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, сертификат ва дигар аснод. Лекин маълум шудааст, ҳукумат баъдан қарори худро бекор кардааст, вале дар ин бора ӯ огаҳӣ надорад.

Ба савол дар бораи огаҳ кардан дар мавриди ғайриқонунӣ будани сохтмон ва ба ҳолати аввала баргардони қитъаи замин одамон ҷавоби мушаххас дода наметавонанд. Бархе огаҳӣ дошта, бархе умуман дар ин бора нашунидааст.

1/5

Сохтмони хонаҳо ғайриқонунист?

Дар ин деҳа об нест. Онро бо мошин меоранд, як мошин об 150 сомонӣ нарх дорад.

Аксари қитъаҳои замин пеш аз ба ин соҳибмулкон расидан аз дасти чанд кас гузаштаанд. Соҳиби яке аз чунин хонаҳо мегӯяд, замоне ин қитъаро аз як нафаре харида, манзил сохт ва акнун бо оилааш дар он зиндагӣ мекунад: “Акнун намедонам чӣ кор кунам. Маҷбур карда истодаанд, ки хонаро вайрон кунам, бо фарзандонам куҷо зиндагӣ мекунам?”.

Замоне худи ҳукумат ин қитъаҳоро тақсим намуда, имрӯз барои “қитъаи ғайриқонунӣ азхудшуда” онҳоро меронанд, вале касе парво надорад, ки онҳо ба куҷо мераванд.

Дар натиҷа сокинон фиребхӯрда боқӣ монданд, қарорҳои бекоршудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи ҷудо шудани қитъаи замин дар дасти онҳост.

1/4

Маълум нест, касоне, ки ин қитъаҳои заминро ба онҳо фурӯхтаанду ба сохтмони хонаҳо иҷоза додаанд, чӣ муҷозоте шудаанд.

1/7

Дар минтақаи хатар

Пештар дар қисмати бисёри ин заминҳо колхозҳо гандуми лалмӣ парвариш карда, қисмати боқимонда ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд. Аз самти маҳаллаи Зарафшон роҳе мегузашт, ки ба самти деҳаи Ҷайра-Булоқ (феълан - Армуғон) мебурд. Тақрибан аз соли 2005 дар ин ҷо сохтмони хонаҳо шурӯъ шуд.


Дар ҳамон вақт намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мухолифи сохтмони хонаҳо дар ин мавзеъ изҳори назар карданд, лекин комиссия оид ба тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ лозим надонист, ки намояндагони Кумитаро ба ҳайати комиссия шомил созад.

Имрӯз ба хатогиҳои роҳдода аз ҷониби мансабдорони ноҳияи Рӯдакӣ ҷабрдидагон посух мегӯянд. Ба тақдири ҷабрдидагон аз ҳилаву найрангҳо дар мавриди ҷудо кардани қитъаҳои замин ҳукумат на он қадр ташвиш дорад...

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.