Дар рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар бар асари барфу яхбандии роҳҳо уфтода, дасту пойҳо ва сутунмӯҳраашон осеб дида, ҳатто шикастаанд. Табибон мегӯянд, рӯзи 22-уми январ, ки дар Хуҷанд барфи зиёд борид, ба нуқтаи осебшиносии шаҳр 70 нафар ва рӯзи шанбеи 23-юми январ 65 нафар ба далели осеб дидани дасту пой ва узвҳои дигарашон оварда шуданд.

Духтури осебшиноси Маркази осебшиносӣ дар Хуҷанд Абдуғанӣ Абдуазизов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзи 22-уми январ, дар якумин рӯзи барфборӣ ба ӯ 70 нафар бо шикасти дасту пой ва сутунмӯҳра муроҷиат карданд. Танҳо ҳамон рӯз 8 нафарро, ки ҷароҳати вазнин бардошта буданд, ба беморхона интиқол додааст. Ӯ гуфт, сокинон асосан дар кӯчаву роҳравҳо ва зинаҳо лағжида, осебу шикасти дасту пой бардоштанд.

“Аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муроҷиати осебдидагон бо сабаби лағжида афтодан дар рӯйи барфу ях ду маротиба назар ба рӯзҳои бебарфӣ зиёд шуд. Бо осеби хело вазнини шикасти сутунмӯҳра, дасту пой ҳам омаданд, мо онҳоро ба беморхона интиқол додем. Бисёри вақт одамон ҳангоми афтодан барои эҳтиёт дасти худро ба пеш мегузоранд, аз ин рӯ, шикастан ва ё осеб дидани даст зиёд аст”.

Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе танҳо ба як маркази осебшиносии Хуҷанд беш аз 135 нафар, ки дар роҳраву кӯчаҳои барфпӯшу яхбаста уфтода, осебҳои гуногун бардоштаанд, оварда шуданд. Осебшинос афзуд, дар ин рӯзҳо осеби ҷиддиеро калонсолон бардоштанд, ки шуморашон ҳам зиёд буд.

Бар асари бориши барфи зиёд аз рӯзи 22-уми январ дар Хуҷанд, роҳраву кӯчаҳо барфпӯшу ях баста буданд, ки гаштугузори пиёдаравҳоро мушкил карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.