Маҷлиси миллӣ ё палатаи болоии порлумони Тоҷикистон номи ноҳияи Шаҳритуз дар вилояти Хатлонро ба Шаҳритус тағйир дод. Дафтари матбуоти палатаи болоии порлумон мегӯяд, ин ниҳод лоиҳаи қарори пешниҳодшуда аз сӯйи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтааст. 

Ин қарор имрӯз дар дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ пазируфта шудааст.  

Шаҳритус яке аз ноҳияҳои бузург ва гармтарини вилояти Хатлон аст, ки соли 1930 таъсис ёфтааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ин ноҳияи бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар канори рӯди Кофарниҳон ҷой дорад.

Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулми Вилояти Балх дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳаммарз аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.