Коршиносон ба он андешаанд, ки мақсад аз қабули барномаҳои давлатӣ вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи коммуникатсионӣ ва гузаштан ба ҳукумати электронӣ таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва дар ин баробар, беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст. Вале дар сурати ба таври бояду шояд иҷро нашудани барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва ба таври дилхоҳ ба роҳ намондани таълими фанҳои технологияи коммуникатсионӣ ин мақсадҳо амалиношуда боқӣ хоҳанд монд.

Вақте компютер намерасад...

Ба андешаи директори Маркази технологияи коммуникатсионӣ ва иттилоотии шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Манучеҳр Собиров, асри 21 асри технология аст ва бояд ҳар як ҷавон аз ин илм огаҳ бошад.

“Ҷавонон новобаста аз он, ки чӣ касберо дар оянда интихоб мекунанд, бояд аз фанни технологияи коммуникатсионӣ хуб таълим гирифта бошанд. Вақте барнома иҷро намешавад ва хонанда аз одитарин қоидаҳои истифодаи компютер ва дигар технологияи коммуникатсионӣ бехабар мемонад, оянда дар пайдо кардани ҷойи кор мушкилӣ мекашад. Ба ҳар соҳае, ки имрӯз ба кор наравӣ, малакаи кор бо компютер зарур аст”, - илова кард Манучеҳр Собиров.

Дар тақвияти гуфтаҳои он ҳамсуҳбати мо директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷайҳун Нуралӣ Сафаров мегӯяд, агар мактабҳо пурра бо компютерҳои замонавӣ таъмин нашаванд, бачаҳо барномаи дарсиро аз худ карда наметавонанд.

“Дар мактаби мо барномаи компютеркунонӣ иҷро нашудааст. Яъне шумораи компютерҳо кам ва хонандагон бисёранд. Бачаҳо наметавонанд, ки мустақиман бо компютер кор кунанд, ки ин ба қафомонии барномаи дарсӣ оварда мерасонад”, - таъкид кард Нуралӣ Сафаров.

Агар соҳибтахассусҳо дарс гӯянд...

“Таълими технологияи иттиллотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар имрӯз аз синфи 5 то 11 ҷараён мегирад. Лекин омӯзгорон намерасанд ва ихтисосмандони дигар риштаҳо бо гузаштани ҳамагӣ як курси омӯзиши компютер, рафта дар мактабҳо дарс мегӯянд, - мушкили дигарро зикр кард Баҳрулло Файзуллозода, номзади илмҳои педагогӣ ва мудири кафедараи технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. – Баъдан, он толибилме, ки пас аз хатми мактаб ба муассисаи олӣ меояд, он қадар фанни технологияи иттилоотиро аз худ накардааст. Зеро дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар компютерҳое ҳастанд, ки моделҳояшон он қадар нағз нест.

Мебояд ҳамаи он барномаҳои компютерие, ки дар комютерҳои имрӯза истифода мешаванд, дар компютерҳои мактабҳо насб шуда бошанд ва бачаҳо онҳоро азхуд кунанд. Омӯзгор низ бояд муассисаи олиро хатм карда, соҳибтахассус бошад.

Шогирдони мо рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Татбиқи технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва салоҳиятнокии таълими технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” омода карда истодаанд. Дар доираи корҳои илмӣ ва тадқиқотҳои худ бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суҳбатҳо карда, таҳлилҳо гузаронида истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар муассисаҳое, ки омӯзгорони ғайриихтисос дарс мегӯянд, салоҳиятнокии таълим он қадар хуб нест. 

Тибқи барномаи таълимӣ, дар синфҳои 5-9-ум 34 соат, дар синфи 10-11-ум 38 соат дарс дар як ҳафта аст. Барнома барнома аст. Вақте омӯзгор дарсро медиҳад, барнома ҳазм мешавад. Вале чӣ гуна дарс медиҳад, ин паҳлуи дигари масъала аст. Имрӯз дар баъзе мактабҳо тахтаҳои электронӣ мавҷуданд. Агар дарсҳо ба воситаи технологияи нав бурда шаванд, хонанда мавзӯъро беҳтар аз худ мекунад. Мо дар чанд муассисаи таълимӣ таҷриба гузарондем. Аввал муаллими муассиса дарс гуфт. Баъдан ҳамон мавзӯъро ба воситаи технологияи нав диссертанти мо гузашт. Ин таҷрибаро таҳлил карда, ба хулосае омадем, ки толибилм ба воситаи дидан 80%-и дарсро аз худ мекардааст ва 15% ба воситаи шунидан, 5% ба воситаи навиштан.

Аз ин маълум мешавад, ки истифода аз технологияи иттилоотӣ дар дарс ба фоидаи кор аст. Мутаассифона, омӯзгорон аз ин методҳо он қадар зиёд истифода намебаранд. Агар омӯзгорон бо истифода аз ин технологияҳо дарс гӯянд, гузаштани дарс ба онҳо ҳам осон мешавад. Аммо омӯзгорони мо бештар аз ҳамон усули асри гузашта: қоғазу қаламу навиштан истифода мекунанд.

Лекин вақте вобаста ба таҷҳизоти дохилии компютер мавзӯъ пеш меояд, намешавад, ки компютерро кушодаву ба хонандагон ҳар як қисми дохилии онро нишон бидиҳӣ. Инҷо бояд аз ҳамон тахтаҳои электронӣ истифода кард.

Бояд ба оянда назар кунем ва ба эътибор бигирем, ки ояндаи кишвар аз рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ вобастагӣ дорад. Масалан, ҳукумати электронӣ мегӯем ва айни замон мебинем, ки хариду фурӯши молу маҳсулот ва пардохти хизматрасониҳо аллакай тавассути барномаҳои электронӣ сурат гирифта истодаанд. Одитаринаш ин кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои бонкӣ ва ғайра мебошанд”. 

Инфографикаи сохтаи муаллиф

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи устоди дигар - Алимурод Абдураҳимов, номзади илмҳои физика, математика, дотсент, мудири кафедраи системаи автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои охир таваҷҷуҳ ба барномаи мавриди назар дар сартосари ҷумҳурӣ, хусусан дар вилояти Хатлон беҳ шудааст.

“Сохторҳои марбута кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар марҳилаи аввал чи мактабҳои миёна, чи мактабҳои таҳсилоти олиро бо таҳҷизот, яъне бо компютерҳои муосир таъмин кунанд ва муваффақ ҳам шудаанд. Агар ин проблемаро ба якчанд сол пеш муқоиса кунем, то соли 2000 барои донишҷӯён натанҳо компютер дастрас набуд,балки ба забонҳои тоҷикию русӣ адабиёти таълимӣ надоштанд. Устодони мо солҳои 1995 -1996 интизор мешуданд, ки аз қисми ҳарбии 201-и Федератсияи Россия ягон афсар ба рухсатӣ раваду аз ӯ хоҳиш кунанд, ки барояшон аз Русия китоб биёранд.

Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои мо ҳам таҳҷизоти техникӣ ва ҳам барномавӣ хеле пеш рафтааст. Мактаббачаҳое, ки ба донишгоҳ меоянд, бо технологияи муосир шиносанд. Ва ҳангоми омӯзонидани фанҳои тахассусӣ танқисии нарасидани омӯзгорон буд, ки он ҳам аз байн рафта истодааст”.

Мушкили асосӣ, ба қавли Алимурод Абдураҳимов, дар соҳаи барномасозӣ ва элементҳои барномасозӣ, забонҳои барномасозӣ мавҷуд аст.

“Дар он самтҳое, ки номбар кардем, дониши  пурқуввати математикӣ талаб карда мешавад, - мегӯяд ӯ. – Ин аст, ки дар ҷумҳурии мо дар соҳаи барномасозӣ кадр нисбатан кам аст.Мо бояд мактаббачаҳоро ҳамин хел таълим диҳем, ки ақаллан он барномаҳои одитаринеро, ки дар доираи барномаи таълимӣ нишон дода шудааст, сохта тавонанд. 

Тавсияи муфид

Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҷавонон ба хотири дар оянда пайдо кардани кори муносиб бояд аз мактаб якчанд барномаҳои компютериро биомӯзанд. “Дар марказҳои омӯзиши калонсолон мо ба корҷӯён зиёда аз чор барномаи Майкрасофт Оффисро, ки дар аксари корхонаҳо ба кор меояд, меомӯзонем. Аз ҷумла, Ворд, Икзел, барномаҳои Иксел барои бухгалтерҳо ва ғайраро”, - мегӯяд ӯ.

 

Роҳи ҳал – истифода аз “компютерҳои кисагӣ”?

Мавзӯи ҷолиби дигари марбут ба технологияи коммуникатсионӣ ва барномаи компютеркунониро коршиносони мо худ баён карданд. Он масъалаи иҷозаи бо худ ба дарс овардани телефонҳои ҳушманд аст.

“Дар китоби Технологияи иттилоотӣ, ки дар ҳаммуаллифии доктори илмҳои математикаю физика, профессор Комилиён Файзалӣ ва камина таҳия шудааст, компютерҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаем: синфи компютерҳои хурд ва синфи компютерҳои калон, - мегӯяд Баҳрулло Файзуллозода. –Ба синфи компютерҳои хурд мо телефону планшетҳоро ворид кардаем, ки онҳо ба гурӯҳи телефонҳои кисагӣ дохил мешаванд. Аз таҷрибаи худ қисса мекунам. Ман ҳамчун таҷрибаомӯз ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов рафта будам. Донишҷӯёни онҳо ҷузвдону китоб надоранд. Бо планшету телефон ба дарс меоянд. Муаллим омада, дарсашро мегузарад. Лексияро тариқи флешкарт ё почтаи электронӣ ба шогирдон медиҳад.

Талаботи ҳукумати электронӣ ҳам ин аст, ки ҳама коргузориҳо ба таври электронӣ роҳандозӣ шаванд.

Ҳамин компютерҳои кисагӣ, яъне планшет ва телефонҳои ҳушманд низ барномаҳои оилаи Майкрасофт Оффисро доранд. Агар аз онҳо дар вақти дарс бо тавсияи устодон баҳри азхудкунии барномаҳои таълимӣ истифода шавад, барои ояндаи бачаҳо хуб аст.

Асомуддин Атоев, коршиноси самти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз қабули барномаҳои давлатии марбут ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ истиқбол карда, мегӯяд, ки ин иқдоми хуби Ҳукумати мамлакат аст, ки боиси дастгирист. Аммо баъзе камбудиҳои қонунгузорӣ ба раванди иҷроиши ин барномаҳои давлатӣ, ки аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, халал ворид мекунанд. Манзури ӯ ҳамон компютерҳои хурд аст.

“Аз соли хониши 2009 -2010 инҷониб  дар қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” як моддае илова гардид, ки овардан ва истифодаи комили дастгоҳҳои мобилиро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ маҳдуд карданд.  Имсол мо метавонем, ки 12-солагии ҳамин қонуни зиддитехнологиро “ҷашн”бигирем.

Аз як ҷониб давлат чора меандешад, аз ҳисоби буҷет барои татбиқи барнома маблағ ҷудо мекунад, аз тарафи дигар қонунгзор - Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ дидаю дониста ба хотири роҳати якчанд устод насли ҷавонро аз ҳамин технологияҳои муосир маҳрум мекунанд. Омӯзиши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ  ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз як кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ дар бунбаст қарордошта, аз нигоҳи иқтисодӣ заиф ба як кишвари пешрафтаи технологӣ табдил ёбад. Вале ҳамин банди қонун садди роҳ мешавад.

Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе коршиносон ва мутахассисони кордони аз нигоҳи технологӣ қавӣ имконнопазир аст.

Баъдан, китоб шаклҳои гуногун дорад. Дар ин замон он танҳо қоғазӣ нест.  Вале мо - насли калонсоли қоғаздӯстдор онҳоро аз ин имкониятҳо маҳрум мекунем. Дидаю дониста сади роҳи илмомӯзии ҷавонон шуда истодаем. Бехабар аз он, ки  имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарин аст. Онҳо ба ин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ниёз доранд, аз ҷумла барои таҳсил, барои дарёфти илму дониш. Тавассути ин дастгоҳҳо хубтару бештар меомӯзанд.

Аз тарафи дигар муассисаҳо аз назари молӣ барои дастрасӣ ба интернет мушкилиҳо доранд, лекин агар ин дастгоҳи ҳушманд дар дасти хонанда ва устод бошад, ин худ маънии онро дорад, ки онҳо ба интернет, ба махзанҳои илму маърифатандӯзӣ дастрасӣ доранд.

Бигзор дар як оила як дастгоҳи ҳушманд бошад ва ҳамаи аҳли оила ба интернет дастрасӣ дошта бошанд. 

Алимурод Абдураҳимов сабаби манъ шудани бо худ овардани телефони мобилиро ба мактабҳои умумию олӣ ба маданияти истифодабарандагони он алоқаманд медонад.

“Агар 10 сол пешро ба ёд биорем, вазъ дигар буд. Донишҷӯ ё мактаббача ба дарс бо телефон меомаду кӯшиш мекард, нишон диҳад, ки чӣ хел телефон дорад. Ҳозир маданияти истифодабарии  телефон то андозае баланд шудааст”, - афзуд вай.

Аз ҳама абзорҳо истифода мебояд

Чуноне дар ду матлаби қаблиямон гуфта будем, таъмини иҷроиши барномаи компютеркунонӣ дар асри нав ногузир аст. Барои татбиқи беҳтари он аввалан, таваҷҷуҳи масъулон ва баъдан, маблағгузории кофӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мебояд. Сониян, чуноне коршиносони мо пешниҳод карданд, манъи истифода аз компютерҳои кисагӣ – телефону планшет зимни дарсҳо ниёз ба бозбинӣ дорад. Аз иҷроиши ин ҳама рушди мувофиқи мақсади Тоҷикистон сахт вобаста аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.