Як омори пешниҳодкардаи мақомдорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавриди гирифторшудагон ва шифоёфтагони бемории коронавирус  ҷаҷолбарангез шуд. Дар як ҷаласаи Ситоди вилоятии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 бо ҳузури муовини раиси вилоят оморе пешниҳод шудааст, ки  гирифторони бемории коронавирус дар ин вилоятро 3142 нафар ном бурда, гуфтаанд, ки 3090 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Аммо дар ин ҷаласа гуфта нашудааст, ки сарнавишти 52 нафари дигар чӣ шуд? Дар миёни мардум дар ин минтақа сару садо ҳаст, ки ин 52 нафар мурдаанд.

Ин оморро саҳифаи расмии фейсбукии рӯзномаи “Бадахшон” – органи нашароти ҳукумати ВМКБ нашр кардааст.

Омори кӣ дурустар аст: аз вазорат ё аз раёсати тандурустӣ?

Рӯзи 7 январи соли 2021 дар ин саҳфаи фейсбукӣ бо имзои мухбири рӯзнома Н. Ҷамшед  гузорише бо номи “ВМКБ: COVID-19 дигар нест, аммо…” нашр шудааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки “таҳти раёсати муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Назира Амирбекзода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19 баргузор гардид, ки дар он вазъи имрӯзаи беморӣ дар вилоят мавриди муҳокима қарор гирифт”.

Бино ба гузориши ин хабарнигор дар ин ҷаласа Нуралӣ Додалиев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят гуфтааст, ки “дар вилоят 3142 нафар гирифторони беморӣ қайд гардиданд, ки аз онҳо 3090 нафар шифо ёфтанд. Хушбахтона, аз охири моҳи декабр то ҳоло ягон нафар бо нишонаҳои бемории мазкур дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Ҳарчанд Додалиев дар ин ҷаласа аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки аз охири моҳи декабр дигар ба ин беморӣ касе аз сокинони вилоят  гирифтор нашудааст, вале нагуфтааст, ки сарнавишти 52 нафари дигар (3142-3090=52) чӣ шуд. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки ин 52 нафари дигар беморанду дар ҳоли табобат қарор доранд ё бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Мантиқӣ ҳам нест, ки 52 нафар сарфи назар карда шавад. Хулосаи хонандаи ин матлабу ин омор ин мешавад, ки ин 52 нафар ҳатман мурдаанд, ки дар бораашон чизе гуфта намешавад.

Мақомҳои тандурустии вилоят омори пешниҳодкардаашонро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. Як масъули баландпояи Раёсати тандурустии вилоят дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки онҳо ҳаққи шарҳи ин мавзуъро надоранду бояд ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунем, зеро аз вазорат онҳоро аз ҳаққи шарҳи мавзуъҳои вобаста ба коронавирус манъ кардаанд.

Вазорат посух намедиҳад, аммо дар ВМКБ омори нав пешниҳод мешавад

Ёриҳои башардӯстона барои вилояти Бадахшон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо барои дарёфт кардани шарҳи расмии Вазорати тандурустӣ дар бораи сарнавишти ин 52 нафар ба Вазорати тандурустӣ ҳафтаи пеш дархости расмӣ фиристодем, вале то кунун посухи ин ниҳодро дарёфт накардем.

Масъулони Маркази матбуоти Вазорат субҳи рӯзи 26-уми январ ба мо гуфтанд, ки “посух омода аст ва имрӯз имзои нафари масъулро мегирему мефиристем”, вале ҳамин тавр дирӯз ҳам натавонистем шарҳи расмии Вазоратро дар мавриди сарнавишти ин 52 нафар ба даст биоварем.

Аммо хабарнигори дигари рӯзномаи Бадахшон Ш. Афзалшоҳ дар як гузориши дигар бо номи “КОВИД-19. Ба мавҷи дуюми он омода бошем”, ки рӯзи 18-уми январ дар ҳамин саҳфаи расмии фейсбукии рӯзнома нашр шудааст, бо нақли қавл боз аз Додалиев менависад:

“Тавре дар суҳбат бо муовини сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Нуралӣ Додалиев маълум гардид, соли сипарӣ дар вилоят 29 ҳодисаи фавти беморон аз касалии КОВИД-19, бинобар ба касалиҳои ҳамроҳ ба мисли касалии қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил ва ғайра ба қайд гирифта шуданд. Хушбахтона, аз 27 декабри соли гузашта то ба имрӯз сироятёбӣ аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Норӯшан боқӣ мондани сарнавишти ин 52 нафар дар ҳолест, ки мувофиқи омори пешниҳодии Вазорати тандурустӣ то кунун (26.01.2021) дар кишвар ҳамагӣ 13308 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ки 13218 нафари он шифо ёфтаву ҳамагӣ 90 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори гирифторшудагону фавтидагони коронавирусро дар маҷмуъ пешниҳод мекунад, аммо дар мавриди гирифториву марг дар минтақаҳо барои ҷомеа ва расонаҳо омор намедиҳад. Ҳамин аст, ки соли гузашта омори пешниҳодкардаи Вазорат бо оморе, ки аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ба даст меомад, мувофиқат намекард.

Бори аввал нест, ки “гапи хона ба бозор рост намегирад”

Ҳамин гуна як номувофиқатии омори пешниҳодкардаи Вазорати тандурустӣ бо оморе, ки аз як ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз ин беморӣ дар Хуҷанд моҳи октябри соли гузашта ба даст омада буд, сурат гирифта буд. Он замон ҳукумати Хуҷанд гуфта буд, ки дар ин шаҳр 4650 нафар ба коронавирус гирифтор шудааст. Аммо он рӯзҳо Вазорати тандурустӣ мегуфт, ки дар тамоми кишвар ҳамагӣ 10 574 нафар сироят шудааст. Он шабу рӯз танҳо омори гирифторони беморӣ дар Хуҷанд дар муқоиса бо оморе, ки вазорат пешниҳод мекард 44%-ро дар бар мегирифт, ки шубҳаҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Гуруҳе аз занони бухтуру ҳамшираи тиби вилоят
аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳамчунин дар оғози моҳи июн раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар як ҷаласа шумораи онҳоеро, ки дар ин вилоят аз коронавирус мурда буданд 22 нафар гуфт. Ин дар ҳоле буд, ки он шабу рӯз Вазорати тандурустӣ омори расмии фавтидагон аз коронавирусро 48 мегуфт, ки мувофиқи изҳороти раиси ВМКБ ниме аз онҳо ба ин вилоят рост меомад. Дар ҳоле, ки аҳолии ин вилоят ҳамагӣ 240 ҳазор аст.

Аммо Вазорати тандурустӣ ҳеч гоҳе ҳозир нашуд, ки ин тафовут дар оморри гирифторон ва фавтидагонро дар тамоми кишвар,расман барои расонаҳо ва мардуми Тоҷикистон шарҳ бидиҳад.

Ба омори пешниҳодии Тоҷикистон дар баробари расонаҳову мардуми кишвар ҳамчунин борҳо созмонҳои байналмилалӣ низ шубҳа карданд, вале тағйире дар шеваи пешниҳоди омор сурат нагирифт.

Хулоса чист?

Агар ҳамон 52 нафаре, ки сарнавишташон рӯшан нест, мурда бошанд, пас 57,7% нафароне, ки дар Тоҷикистон аз коронавирус мурдаанд ба ВМКБ рост меояд. Ё 29 нафареро, ки муовини раиси Раёсати тандурустии вилоят расман гуфтааст, ки аз COVID 19 ҳисоб кунем 32,2% фавтидагон коронавирус боз ба ВМКБ рост мегирад.

57,7% ё ҳатто 32,2% дар вилояте, ки ҳамагӣ 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Пас омори боқӣ – 42,3 ё 67,8 барои наздик ба 9,5 миллион аҳолии минтақаҳои боқимондаи кишвар хеле ночиз нест? Суолест, ки посухи дақиқ мехоҳад?   

Азия-Плюс” ҳамчунин як матлаби таҳқиқотии дигаре доир ба фарқи омори расмии гирифториву марг бо омори воқеӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ таҳия кардааст, ки рӯзҳои наздик нашр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.