Transparency International ё худ Ҳаракати байнулмилалии зиддифасод Индекс (Шохис)-и навбатии дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index)-ро нашр кард.
Тоҷикистон ба мисли ду солу як сол пеш аз 100 балли имконпазир ҳамагӣ 25 балл касб кард, ки “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия”-ро нишон медиҳад.
Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.
Ҷумҳурии мо ҳамроҳи Камерун, Гватемала, Эрон, Лубнон, Мадасгаскар, Мозамбик ва Нигерия зинаи 149-умро ишғол мекунад. Раддабандӣ ҳамагӣ 180 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст.
Муаллифони рейтинг кишвари бештар аз Тоҷикистон фасодзадаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон номбар кардаанд, ки ҳамагӣ 19 балл гирифтааст. Афғонистон, Бурунди, Конго ва Гвинея Биссау низ ҳамин миқдор балл гирифта, ҳамроҳи Туркманистон дар зинаҳои 160-169 қарор доранд.
Ӯзбекистон низ аз Тоҷикистон чандон дур нарафта, ҳамагӣ як балл аз Тоҷикистон зиёд гирифтааст ва зинаи 146-умро ишғол мекунад. Соли гузашта ин кишвар дар мақоми 153, соли 2017 - зинаи 157 ва соли 2016 - дар ҷойи 156-ум ҷойгир шуда буд.
Русия, ки Тоҷикистон бо он робитаҳои зич дорад (муҳоҷират, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ғайра), 50 балл касб карда, ин кишвар низ дорои “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия” унвон шудааст.
Давлати стаҳи фасодкориаш нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мебошад, ки 38 балл гирифтааст. Қирғизистон 31 балл дорад.
Дания ва Зеландияи Нав бо касби 88-баллӣ дар садри раддабандӣ қарор доранд.
Финландия, Сингапур, Шветсия и Швейтсария бо касби 85 балл ҳар кадоме дар шашгонаи аввали рейтинг ҷойгир шудаанд. Дар зинаҳои баъдӣ кишвари охирини Скандинавия - Норвегия (84 балл) қарор дорад.
Кишварҳои Сомали ва Судони Ҷанубӣ бо касби камтарин баллҳо зинаҳои охири раддабандиро ишғол кардаанд.
Индекси дарки коррупсия таркибӣ буда, сатҳи дарки коррупсияро дар бахши давлатии кишварҳои гуногун месанҷад. Он аз соли 995 нашр шуда, бар асоси назарпурсии коршиносону соҳибкорон дар саросари дунё аз ҷониби ташкилотҳои мустақил таҳия мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста