Пас аз зуҳури сирояти коронавирус, ки аввали соли гузашта ба вуҷуд омад, гурӯҳи аввали муҳоҷирони кории тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Русия рафтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 170 нафар бинокорони тоҷик бо иҷозаи Ситоди ҷумуриявии муқовимат бо COVID-19 рӯзи 30-юми январ ба шаҳри Иркутки Русия парвоз карданд.

Ҳамаи муҳоҷирони тоҷики ба Иркутск парвозкарда барои кор дар ширкатҳои сохтмони шаҳр ва вилояти Иркутск даъватномаи расмӣ доранд.

Гуфта мешавад, бо дастури губернатори вилояти Иркурск ҳукумати маҳаллӣ муҳоҷирони кории тоҷикро пешвоз ва ҷиҳати таъмини онҳо бо кору шароити будубош мусоидат мекунанд.

Сафарбарии муташаккили гурӯҳи аввали бинокорони тоҷик ба Русия дар давраи пандемияи коронавирус ба туфайли мусоидат ва ҳамкории зичи ҳукумати ҳар ду кишвар муяссар гардид.

Қобили зикр аст, ки 22 январ дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия вазири сохтмон ва ХМК-и ин кишвар Ирек Файзулин изҳор дошта буд, ки механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар майдонҳои сохтмони ин кишвар роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ин ниҳод танзим мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.