Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии 90 млн 707 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтанд, ки 23 млн сомонӣ нисбат ба соли 2019 (67 млн сомонӣ) зиёдтар аст.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён имрӯз, 1 феврал ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2020 ба 111 ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабаби мутобиқат надоштани санадҳои онҳо ба меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ бақайдгирӣ иҷоза нашуд.

Дар Тоҷикистон соли гузашта ҳамагӣ 80 ташкилоти нави ҷамъиятӣ аз қайди расмӣ гузаштанд.

Ғайр аз ин, соли гузашта дар Тоҷикистон 103 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 16 филиали онҳо барҳам дода шудаанд.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор ташкилотҳои ҷамъиятӣ расман фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.