Дар шаҳри Душанбе 5 нуқтаи назорати сифати ҳаво насб мешавад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи раиси Кумита Баҳодур Шерализода, таҷҳизот барои санҷиши сатҳи ифлосии ҳаво дар Душанбе дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр амал хоҳанд кард.

“Онҳо дар мавзеи боғи Айнӣ, кӯчаи Дӯстии халқҳо, қаламрави шаҳраки Калинин, назди “Комбинати нассоҷӣ” (Текстилкомбинат) ва мавзеи бозори “Саховат” гузошта мешаванд”, - хабар дод ӯ.

Қобили зикр аст, ки вазифаи мониторинги ҳаво аз пайгирии вазъи ҷории ҳаво (атмосфера), инчуин ҷамъоварии маълумот ва таъсиси пойгоҳ дар заминаи он иборат аст.

Бино ба маълумоти сомонаи http://aqicn.org/city/dushanbe/ru/, сифати ҳаво дар шаҳри Душанбе начандон хуб аст.


Бо ёрии мониторинг Кумита оид ба назорати сифати обуҳавои пойтахт тадбирҳои дахлдор рӯйи даст мегирад.

Тибқи маълумоти Кумита, дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ 16 нуқтаи мониторинги ҳаво насб мешаванд.

Экологҳои мустақил мегӯянд, сарчашмаҳои асосии ифлосшавии обуҳавои Душанбе партобҳои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, корхонаи истеҳсоли семент ва дигар корхонаҳои саноатии пойтахт, дегхонаҳо (котелний), корхонаҳои коркард ва сӯзонандаи навъҳои гуногуни партовҳо, инчунин воситаҳои нақлиёт мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.