Лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз ҷониби мутахассисон зери сарварии ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода таҳия шуда, мавриди омӯзиши ҳукумат қарор дорад.

Зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омода гардида, дар он назари коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону  ҳуқуқшиносон ба инобат гирифта шудааст.

Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки дар лоиҳаи нави Кодекс сабуксозии ҷазо ба ҷиноятҳои аз ҷониби занону маъюбон ва пиронсолон содиршуда пешбинӣ гардида, барои террорзим, ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин ҷазо сангинтар шуда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар лоиҳаи нави КҶ ҶТ масъалаи аз шумори ҷиноят хориҷ кардани якчанд моддаҳо ва сабуксозии ҷавобгарии ҷиноятӣ аз рӯйи баъзе моддаҳо ба миён гузошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи лоиҳа масъалаи ба самти башардӯстона нигаронида шудани қонунгузории ҷиноятӣ пешниҳод шудааст.

“Агар якчанд амали ҷиноятӣ, ки ҳозир барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, аз шумори ҷиноят бароварда шаванд, пас минбаъд барои содир намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷавобгарӣ бо тартиби истеҳсоли судии шаҳрвандӣ пешбинӣ мешавад”, - илова кард манбаъ, лекин аз саҳеҳан номбар кардани моддаҳои зикркардааш худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.