Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз эътиборсанҷӣ ё аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштааст. Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода  имрӯз дар нишасти хабарии донишгоҳ гуфт, ки ин хабарро онҳо низ ҳамин рӯз аз Эстония дастрас кардаанд.

Ба гуфтаи ректори ДМТ пас аз омӯзиши тамоми асноди лозим  Шӯрои агентии сифати таҳсилоти олии касбӣ дар Эстония донишгоҳи онҳоро мутобиқ ба талабот ва стандартҳои аврупоӣ этироф намудаааст

Ба гуфтаи ӯ, барои ин эътиборсанҷӣ рӯзҳои 2-15 ноябри соли 2020, гуруҳи коршиносони байналмилалӣ  ба ДМТ ташриф оварда, ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ ошно ва онро ба пуррагӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу қиёс ба талаботи аврупоӣ қарор додаанд

Ректори ДМТ мегӯяд, аз эътиборсанҷии байналмилаӣ гузаштани ДМТ дастури Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 1 сентябри соли 2020 дар дарси сулҳ ба муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ дастур дода буд, ки донишгоҳҳо ва донишкадаҳо аз эътиборсанҷии байналмилалӣ гузаранд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин мактаби олии Тоҷикистон аст, ки ин эътиборсанҷии байналмилалиро дарёфт кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.