Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 мавридҳои шавҳари хориҷӣ кардани бонувони тоҷик кам шудааст. Ба гуфтаи сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин вазорат Саодат Сироҷзода, соли гузашта ҳамагӣ 192 шаҳрванди Тоҷикистон шавҳари хориҷӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш 11 маврид камтар аст.

Ба гуфтаи Сироҷзода, соли 2020 никоҳ бо хориҷиён дар кишвар коҳиш ёфта, ҳамагӣ 192 маврид бо атбои кишварҳои дигар издивоҷ кардани шаҳрвандони тоҷик сабт шудааст. "Асосан шаҳрвандони тоҷик бо шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон, Афғонистон ва Чин издивоҷ мекунанд", - мегӯяд ӯ.

Ин мақоми вазорати адлия кам шудани шумораи чунин никоҳҳоро ба татбиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши издивоҷ бо хориҷиён рабт дод, ки он хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дастикам як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.

Ба гуфтаи бону Саодат Сироҷзода, аз 192 мавриди никоҳ бо хориҷиён, 34 маврид дар Суғд сабти ном шудааст, 10 мавриди дигар дар вилояти Хатлон,  11 маврид Бадахшон, дар шаҳри Душанбе 47 маврид ва 100 мавриди дигар дар шаҳру навоҳии тобеъи марказ номнавис шудааст.

Мавзуъи издивоҷи бонувони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ яке аз мавзуъҳои ҳассоси солҳои ахири ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар гузашта мавридҳои зиёде шуда буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми дар Тоҷикистон будан, аз бонувони тоҷик зан мегирифтанд ва баъди тарки кишвар кардан, онҳоро бесарнавишт раҳо мекарданд. Бар пайи ин давлат шарту шароити издивоҷи хориҷиён бо бонувони Тоҷикистонро сангинтар кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.