Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон неруи барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон содирот шуда, интиқоли он ба Ӯзбекистону Қирғизистон боздошта шудааст.

“Дар робита ба коҳиши маҷрои об дар ҳамаи дарёҳои кишвар дар соли гузашта, ҳакумат аллакай тобистон барои содирот маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, то ки тирамоҳу зимистон аҳолӣ бо барқ мунтазам таъмин шавад”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои ӯ, агар ҳаҷми содироти барқ бо соли 2019 муқоиса шавад, пас коҳиши ҳаҷм 49 фоизро ташкил медиҳад.

“Ҳозир бо хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҷараёни ҳадди пасттарин (минималӣ) интиқол меёбад. Ин барои он зарур аст, ки хатҳои интиқоли барқ васлшуда боқӣ монанд”, - қайд кард вай.

Намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки “ҳарчанд хати интиқоли барқ ба Қирғизистону Ӯзбекистон бо усули “сарбаста” пайваст бошанд ҳам, ба ин кишварҳо барқ содирот намешавад”.

Қайд шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 19 млрд 770,5 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, аз ин миқдор 1 млрд 528,4 млн кВт/соат ба маблағи зиёда аз 56,4 млн кВт/соат ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки неруи барқи соли 2020 истеҳсолшуда 905,7 млн кВт/соат камтар дар муқоиса бо соли 2019 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.