Боло бурдани тарифҳои истифодаи неруи барқ алҳол ба мо пешниҳод нашудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон сардори Хадамоти зиддиинҳисори назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ овозаҳои болоравии арзиши барқро дар ояндаи наздик рад карда, изҳор дошт, ки танҳо ҳукумат метавонад бо чунин пешниҳод ба Хадамот муроҷиат намояд.

“Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор қабул мешавад, лекин ба мо то ҳол чунин пешниҳод нарасидааст”, - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2010-2019 тарифҳои қувваи барқ 2,6 маротиба боло рафт: аз 9 дирам барои 1 киловатт соат дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.


Ҳукуматдорон болоравии тарифҳои барқро пеш аз ҳама, ба тавсияҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ нисбат медиҳанд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2012 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки “бо мақсади ҳавасмандсозии истифодаи оқилонаи барқ”, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгарони маишӣ то 3,5 сент боло бурда шавад.

Ҳамчунин ҳукумат қариб ҳамеша қайд мекунад, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тарифҳои барқ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттаранд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.