Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода воридкунандагони молу маҳсулот аз Чинро аз ҷумлаи бештар зарардидагон аз оқибатҳои пандемия номид.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии бозори “Корвон” айни замон аз бозистии интиқоли молу маҳсулоташон аз Чин зиёни зиёд мебинанд.

“Онҳо ба мо муроҷиат карданд, то ки дар ҳалли ин масъала кумак кунем, - изҳор дошт Ҷумъахонзода зимни нишасти хабарӣ. - Молу маҳсулоте, ки бояд ба Тоҷикистон оварда шавад, аз моҳи октябри соли гузашта дар сарҳади Чин дармондаанд”.

Ба гуфтаи раиси Палата, сабаби асосии иҷоза надодани интиқоли молу маҳсулот пандемияи коронавирус буда, дар расмиёти дохилии Чин оид ба ҳамлу нақли бор аз як минтақа ба минтақаи дигар бисёр душвориҳо пайдо шудаанд.

Ғайр аз ин, моҳи феврал дар Чин Соли нав ҷашн гирифта шуда, танаффуси думоҳа эълон мешавад ва дар ҷараёни он кашонидани бор аз кишвар ғайриимкон мегардад.

“Умедворем, ки пас аз анҷоми Соли нави Чин молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд”, - изҳор дошт ӯ.

Мутахассисони ПСС мегӯянд, айни замон дар дигар кишварҳои ҳаммарз бо Чин низ чунин мушкилӣ вуҷуд дорад, зеро ин давлат қоидаҳои риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологиро ҳангоми интиқоли бор сангинтар кард.

“Пул надорем, ки қарзро баргардонем”

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони бозори “Корвон”, ки аз Чин бор меоранд ва теъдодашон зиёда аз 400 нафар “яклухтфурӯшон”-ро ташкил медиҳад, аз ҳукумат даъват доранд, ки ҳарчи зудтар мушкили гузаронидани борро тариқи сарҳади Чин ҳаллу фасл кунад.

Маҳбуба, як тоҷири ин бозор мегӯяд, ним сол зиёдтар ба маблағи беш аз 100 ҳазор доллар дар Чин молу маҳсулот фармоиш дода, намедонад, ки айни замон бор дар куҷосту чӣ ҳол дорад.

“Ман ба қарз ғӯтидам ва акнун намедонам, ки оянда чӣ мешавад. Дигар пуле ҳам надорам, ки қарзро пардохт кунам”, - изҳор дошт ӯ.

Бархе аз соҳибкорон аз Туркия, Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳо молу маҳсулот фармоиш дода, лекин дар ин кишварҳо бор қиматтар буда, истеъмолгарон дар Тоҷикистон на ҳамеша имкони харидани онро доранд. Аз ин рӯ, ҳаҷми фурӯши соҳибкорон чандин маротиба кам шуд.

Айни замон савдогарони қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо дар бозори “Султони Кабир” ва таҷҳизоту қисмҳои телефон дар “Корвон” ин гуна борро аз Русия фармоиш медиҳанд, ки хеле гаронтар меафтад.

“Ҳозир барои пардохти патенту иҷора пуле надорем. Субҳи барвақт ба бозор омада, дар як рӯз ҳамагӣ ду-се чиз мефурӯшем, - мегӯяд Сулаймон, яклухтфурӯши пойафзол. - Захираҳои пешинаамон ба охир расида истодааст”.

Ҳамчунин яклухтфурӯшони бузурге низ ҳастанд, ки ба зиёда аз 100 ҳазор доллар молу маҳсулот фармоиш дода, ҳолашон беҳад душвор аст.

“Ман хонаамро ба гарав гузошта, аз бонк қарз гирифтам, - изҳор дошт як соҳибкор. - Агар вазъияти боркашонӣ ояндаи наздик тағйир наёбад, аниқ, ки хонаамро бонк мегирад ва дигар ҷои зист намемонад. Аз ин рӯ, аз ҳукумат дархост мекунам, ки ба мушкили соҳибкорони бозори “Корвон” расидагӣ карда, пардохти фоизҳои қарзро муваққатан боздорад ва замоне, ки вазъият хуб шуд, мо оромона пули бонкҳоро бармегардонем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.