Бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия диаспораи тоҷикони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск барои ҳайати кормандони тиббии госпитали собиқадорони ҷанги Екатеринбург зиёфтаи оши палави дӯстона ва ёрии ҳамдигарӣ ташкил кард.

Зиёфат ба хотири арчгузорӣ ва эътироф ба фаъолияти табибон дар шароити хатарнок барои ҳаёт, аз ҷумла дар мубориза бо COVID-19 ташкил шуд.

Дар ташкили чорабинӣ роҳбарону фаъолони диаспораи маҳаллии тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд, хабар медиҳад Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Дар мизҳои зиёфат дастурхони бо оши палави тоҷикӣ ва сабзавту мева ороёфта гузошта шуданд.

Сурат: Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург

Ба роҳбарияти муассисаи тиббӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба табиби госпитал - точиктабор Ҷамшед Ҷабборов ифтихорномаи Консулгарии генералӣ тақдим шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.