Ҳар сешанбеи дуюми моҳи феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии интернети бехатар таҷлил карда мешавад, ки ҳадафи он дар бораи истифодаи масъулиятнок ва бехатари интернет маълумот додан ба одамон аст.
Дар бораи чӣ гуна рамзи мустаҳкам гузоштан, ҳифзи маълумот ва мукотибаи шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масоили вобаста ба кор дар интернет маслиҳатҳои муаллиф ва масъули вебсайти alifbo.media, блогер, медиа-тренер ва мушовир, коршиноси васоити ахбори нав, ҳаммуассиси аввалин платформаи факт-чек дар Тоҷикистон - Factcheck.tj ва платформаи блогии Blogiston.tj Рустам Гуловро ба шумо пешниҳод мекунем.
Шабакаҳои иҷтимоиро чӣ гуна дуруст истифода барем?
Босаводона. Истифодаи босаводонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, қобилияти фаҳмидани чӣ чизро нашр кардан мумкин ва чиро мумкин нест мебошад, махсусан дар робита ба амнияти шахсӣ. Бисёр вақт корбаре, ки шиносномаи касеро пайдо мекунад, бидуни пинҳон кардани акси ва маълумоти шахсӣ онро чоп мекунад. Ҳарчанд онҳо мехоҳанд некӣ кунанд, аммо маълумоти муҳими шахси дигарро ба мардум интишор мекунанд.
Ҳамчунин пеш аз истифода бо сиёсати махфияти шабакаҳои иҷтимоӣ бояд шинос шавед.
Мукотибаи шахсиро чӣ гуна ҳифз кунем?
Ин дарвоқеъ як масъалаи хеле ҷиддӣ ва печида аст. Баъзан ин аз шумо вобаста нест, балки аз барномаҳое, ки шумо истифода мебаред. Табиист, вақте сухан дар бораи платформаҳои калон, ба монанди Facebook меравад, ҳамачӣ вобаста ба ин масъала хуб сохта шудааст. Мегӯянд, дар Telegram ҳама чиз хуб аст ва шумо ҳеҷ айбе ёфта наметавонед. Рейтинги амнияти паёмрасонҳо мавҷуд аст, ки дар он Signal ва Telegram дар сафи аввал қарор доранд.
Бояд ба назар гирифт, ки на аккаунт, балки худи худи шахсро мешиканад. Агар шумо баъзе маълумотро дар бораи паҳн карда бошед, рамзи мураккаб ва аутентификатсияи дуомиларо истифода набаред, акаунти худро ҳифз накунед, пас бадхоҳон метавонанд осон рамзи шуморо ёбанд.
Рамзи комил кадом аст?
Беҳтарин вариант он аст, ки рамзро на худи шумо, балки барномаҳои рамзгузорӣ интихоб кунанд. Чун мо аз сабаби танбалӣ як рамзро барои чанд акаунт истифода мебарем.
Баъзан барои дастрасӣ ба акаунти шумо кофӣ аст, ки бадхоҳон телефонатонро ба даст оранд. Аз ин рӯ, ба шумо лозим аст, ки ба телефонатон низ рамзи мустаҳкам гузоред.
Одатан киро “мешикананд”?
На танҳо аккаунти шахсиятҳои маъруф ва сарватмандонро мешикананд, балки қариб аз ҳамаро. Сабабҳо зиёданд ва пешгӯии онҳо душвор аст. Баъзан душманон ва дӯстони собиқи шумо барои паст задани шаъну шарафи шумо аз ин роҳ кор мебаранд.
Аксар вақт маълумоти шахсӣ на ба дасти ҷинояткорон, балки дар платформаҳо сабт мешаванд. Худи ҳамон Google, Yandex, Facebook баъзе маълумоти шахсии корбаронро барои фардикунонии таблиғот “мефурӯшанд". Ин як намуди таблиғест, ки таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб мекунад ва шумо моли пешниҳодшударо мехаред ё линки пешниҳодшударо клик мекунед.
Камераи ноутбукатон пӯшида аст?
Бале, зеро ман бисёр вақт барномаҳои гуногунро дар компютери шахсии худ месанҷам ва шояд пай набарам, ки чӣ гуна ба баъзеи онҳо барои истифодаи камера иҷозат додаам ва онҳо онро ба чӣ мақсад истифода мебаранд маълум нест.
Дар ҷои корам ман ба камераи ноутбук стикер мечаспонам ё аз клипи коғазӣ истифода мекунам, то дар вақти зарурӣ, масалан видеоконфронс бо ҳамкорон, онро зуд боз кунам.
Барои ин инчунин пардаҳои махсуси пластикӣ фурӯхта мешаванд.
“Куки” чист, бояд аз он битарсем?
Онҳо файлҳои хеле хурде мебошанд, ки ҳангоми ворид шудан ба сайтҳои муайян дар браузери шумо ҳифз карда мешаванд. Онҳо аксар вақт барои роҳати шумо сохта мешаванд, то ба шумо ҳар дафъа ворид кардани паролҳо лозим нашавад, онҳо ба таври худкор онҳоро дар шакли рамзгузорӣ сабт мекунанд.
Хизматрасониҳои хуб тарҳрезишуда ин корро намекунанд, аммо баъзе вебмастерҳо метавонанд ба хато роҳ диҳанд ва маълумоти шумо ба таври лозим ҳифз карда нашаванд. Аммо ба ғайр аз ин, маълумоти дигарро дар кукиҳо нигоҳ доштан мумкин аст - вақти дохилшавӣ ба сомона, навъи дастгоҳи шумо, маълумоти ҷуғрофӣ ва дигар маълумоти мухтасар.
Оё антивирус лозим аст? Кадомаш беҳтар?
Албатта будани он беҳтар аст. Аммо маълумот дар бораи антивирус, истеҳсолкунанда ва ба кӣ алоқаманд будани ширкатро ба назар гирифт. Маслан ман ба антивируси “Касперский” эътимод надорам, зеро ширкат бо хадамоти махсуси Федератсияи Русия ҳамкории зич дорад, ман ба ESET NOD32 эътимоде боштар дорам.
Антивирусҳои ройгон ва пулакӣ мавҷуданд. Барномаҳои пулакӣ беҳтаранд, зеро онҳо бо пули корбарон беҳтару комилтар мешаванд ва барои ҳифзи корбарон диққати бештар дода мешавад.
Барномаҳои рахнашуда (пиратские), аз ҷумла антивирусҳоро насб накунед - ин хатарнок аст. Зеро кафолате нест ки шахси барномаро рахна карда ягон вирус ё нуқтаи дастрасиро дар ин барнома ба фоидаи худ нагузоштааст.
Қулфи бехатартарин барои телефон кадом аст?
Биометрикаро (изи ангушт, шинохтани рӯй) фиреб додан мумкин аст. Ҳатто кӯдакон метавонанд нақши тасвири экранро аз рӯйи изи ангушт бикашанду қулфро бишкананд.
Рамзгузорӣ роҳи беҳтарини муҳофизат аст, зеро шикастани маҷмӯи тасодуфии рақамҳо душвортар аст, аммо худи рамз бояд мураккаб бошад. То ҳол онҳо ягон чизи беҳтаре дар ин самт пешниҳод нашудааст.
Худ ва маълумоти шахсиро чӣ гуна ҳифз кунем?
Ба воҳима наафтед, маълумот бояд ҳифз карда шавад, аммо фанатик ҳам набошед. Бо ин ё он роҳ, як қисми муайяни маълумот дар дастрасии омма бояд бошанд, масалан номи шумо.
Барои тафтиши рамз дар мураккабӣ, шумо метавонед аз серверҳои гуногун истифода баред. Ҳатто дар вебсайти Kaspersky функсияи санҷидани рамзҳо мавҷуд аст, онҷо шумо метавонед донед, ки барои шикастани рамзи шумо ба бадхоҳон чӣ қадар вақт лозим мешавад.
Умуман, шумо бояд боақлона қарор бароред, ки кадом маълумот барои паҳн кардан ва кадом барои паҳн кардан дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нест.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста