Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун дақиқ нашудааст, ки зойирони тоҷик имсол имкони рафтан ба маросими Ҳаҷҷи 2021-ро пайдо мекунанд ё не. Давлатзода Сулаймон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст ва масъалаи доир шудани маросими Ҳаҷҷ-2021 ба вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишварҳо марбут аст.
Раиси Кумитаи дин ҳамчунин гуфт, ки «ҷониби Арабистони Саудӣ қатъиян маросими Ҳаҷҷро лағв накардааст ва ҳамзамон иҷозати вуруди мусалмононро низ эълон накардааст».
Давлатзода гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати кишварҳое шомил аст, ки шаҳрвандонашон ҳаққи адои маросими Ҳаҷҷро доранд ва танҳо бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, зойирони тоҷик метвонанд ба Маккаву Мадина бираванд. «Ҳоло ба далели беморӣ барои ду ҳафта Арабистони Саудӣ равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо бастааст».
Бояд зикр кард, ки Арабистони Саудӣ то 31 марти соли 2021 сарҳадҳояшро бастааст, ки дар ин бора Вазорати умури дохилии ин кишвар хабар дода буд.
Ин қарор рӯзи 8 январ дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави бритониёӣ қабул шуд. Ин вирус бештар сирояткунанда арзёбӣ мешавад.
“Мутобиқи нақшаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад нашавад, алоқаи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ охири моҳи март барқарор карда мешавад”, - хабар медиҳад Al Arabiya.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз нимаи моҳи январ сарҳадҳо барои зойирин аз ҳамаи кишварҳо бо тадбирҳои маҳдудкунанда боз мешаванд. Ҳукуматдорон ба нақша гирифта буданд, ки вурудро танҳо ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза диҳанд, то ки барои пиронсолон хатар эҷод нашавад.
Сипас ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки масъули анҷом додани тадорукоти Умра ё Ҳаҷҷи умра ҳастанд, хабар доданд, ки сафари гуруҳи аввали ибодаткунандагон охири моҳи январи соли 2021 сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста