Зимни вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Русия Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сергей Кравтсов дар Маскав зикр шуд, ки барои роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар 5 мактаби русзабон, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд, ба Тоҷикистону Русия лозим меояд, ки корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маорифи Русия, зимни дидор Сергей Кравтсов изҳор дошт, ки тобистони имсол оғози сохтмони ин мактабҳо дар назар буда, онҳо тибқи меъёрҳои таълимии Русия фаъолият мекунанд.
“Корҳои асосии омодагӣ ба оғози сохтмон ба охир расиданд. Ба ин кори пурсамари вазоратҳои ҳар ду кишвар мусоидат кард. Аз ҷумла лоиҳаи қолабии бинои мактаб мувофиқа шуда, қитъаҳои замин барои сохтмони онҳо дар 5 шаҳр ба таври ниҳоӣ тасдиқ шуданд. Дар назар дорем, ки сохтмонро моҳи сентябри соли 2022 ба итмом расонида, мактабҳоро ба истифода диҳем”, - қайд кардааст Кравтсов зимни суҳбат.
Вазири Русия хотиррасон намудааст, ки ба мақомоти марбута ҷиҳати роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар ин муассисаҳо, инчунин мувофиқаи тартиби таъини мудирони мактабҳо ва интихоби ҳайати омӯзгорон кӯшиши зиёд харҷ кардан лозим меояд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин дар бораи амалисозии муваффақонаи лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” («Российский учитель за рубежом») дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.
Муҳаммадюсуф Имомзода ба кори омӯзгорони рус, ки дар лоиҳаи гуманитарӣ иштирок мекунанд, баҳои баланд дод ва гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки онҳо бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои Тоҷикистон 50 нафар омӯзгорони Русия машғули коранд.
Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.
Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 млн доллар ҷудо карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста