Маҳмадсаид Шоҳиён,   директори муассисаи “Тоҷикфилм” дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш аз надоштани мутахассисе, ки грант ё лоиҳа бинависаду онҳо барои филмофарӣ аз созмону ниҳодҳои байналмилалӣ пул бигиранд, шикоят кард.

Шоҳиён мегӯяд, “мо то ҳол ягон грант аз давлатҳои хориҷӣ нагирифтаем, чунки дар ин ришта, афсӯс, ягон мутахассис надорем, агар дошта бошем ҳам, агуштшуморанд”. Ин суханонро мудири “Тоҷикфилм” дар пасманзари нокофӣ будани маблағҳои давлатӣ барои таҳияи филмҳои ватанӣ мегуфт.

Ӯ таъкид кард, ки қариб ҳамаи соҳаҳо ба воситаи гранту лоиҳаҳо кору фаъолият мекунанд ва пешрафт доранд, аммо дар мо ягон лоиҳанависе нест, ки тарҳро пешниҳод кунаду мо грант гирем.

Маҳмадсаид Шоҳиён мегӯяд, онҳо бояд барои ҳалли ин мушкил мутахассисони соҳаи кино, продюсер ва мудиронро омода кунанд.

Ҳоло ба гуфтаи мудири “Тоҷикфилм”, онҳо як мутахассисро ба тариқи шартнома барои ин кор ҷалб кардаанд. Ҳамчунин раҳбарии “Тоҷикфилм” бо масъулони Кумитаи давлатии сармоягузории кишвар мулоқот кардаанд, то онҳо барояшон дар дарёфти сармоя барои офаридани филм мусоидат кунанд.

“Онҳо ба мо  пешниҳод ҳам карданд, ки агар мо лоиҳаро омода карда пешниҳод кунем, онҳо дар оянда барои гирифтани грант ба шарикони рушд пешниҳод мекунанд. Имсол ният дорем, ки тарҳҳоро навиштаву пешниҳод кунем”,-гуфт Шоҳиён.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.