Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, гуфт, ки омили аслии муваффақияти Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар коронавирус ҷорӣ накардани карантин буд.

Ба гуфтаи Абдуллозода, дар Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2020 ба ин сӯ ягон мавриди бистарӣ кардани чунин беморон дар беморхонаҳо сабти ном нашудааст. Ӯ бори дигар омори расмии пешниҳодшуда ба хабарнигоронро ироа кард, ки то кунун дар кишвар  13 308 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуд, ки 99,3% онҳо солим гардонида шудаанду 90 нафар-  0,68% фавтидаанд. 

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, дарсадии солимшудагон дар ҷумҳурӣ нисбат ба нишондиҳандаиҳои ҷаҳонӣ 27,5% ва фавт 1,5% кам мебошад. 

Гузориши видеоӣ аз нишасти матбуотӣ: