Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 нагузоштааст, ки волидону наздикон, 604 номи ба гуфтаи ин ниҳод ғайримеъёрӣ ба фарзандони навтаваллудшуда гузошта шаванд. Ин нуктаро ҳамин ҳоло Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарии кумита, ки феълан ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон, дар соли гузашта 1313 муроҷиат барои номгузорӣ ба ин ниҳод шудааст, ки онҳо ба 604 пешниҳод посухи рад дода, ба 581 хулосаи тавсиявӣ ва ба 32 нафар тарзи дурусти навишти ному насаб ва номи падариро гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз ин 1313 муроҷиат 90 муроҷиат аз сӯйи намояндаи аққалиятҳои миллӣ будааст. 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода мегӯяд, соли 2020 онҳо 884 номи ғайримеъёрии маҳаллаҳои мардумнишинро баррасӣ кардаву барои тағйири номҳои ин маҳаллаҳо бо омода кардани санадҳои лозими меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳукумати Тоҷикистон  барои тасдиқ пешниҳод мекунанд. 

Соли гузашта, ҳамчунин ин ниҳод ба номгузории 1278 ҷойноми маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ ва  11 номгӯйи мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ додааст, ки аз ин 1279 ном пуштибонӣ шуда, ҳамагӣ 11 ном рад шудааст.