Шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии Душанбе, ягона  минтақаест, ки теъдоди бештари паноҳандагони афғонистониро дар худ ҷой додааст. Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар шаҳри Ваҳдат як ҳазору яксаду ҳафтоду ду оила ё беш аз панҷ ҳазор нафар  аз гурезагони ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

Миёни он паноҳандагоне, ки ин минтақаро интихоб кардаанд, метавон бо хонаводаҳои  гуногун рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла хонаводаҳое, ки шароити зиндагии хуб дошта, мунтазири раводид аз сӯйи хешовандонашон ҳастанд ва мехоҳанд ба кишварҳои пешрафта, аз қабили Канада ва Олмон сафар кунанд.

Аз сӯйи дигар ҳастанд хонаводаҳое, ки ба қавле бо аробакашию мӯзадузӣ рӯзашонро пеш мебаранд ва аксари онҳо аз бекориву тангдастӣ шикоят доранд. Набуди ҷои кор ва ё ба даст наовардани маблағи кофӣ сабаби аз таҳсил дур мондани фарзандони аксари ин паноҳандагон шудааст.

“Ташвиши бештар аз гурусна мондани фарзандон дорам, на сари саводи онҳо”

Аҳмади Муҳаммадназири 46-сола, бо зану фарзандонаш якуним сол қабл ба Тоҷикистон паноҳ бурда, дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат бо мӯзадузӣ  машғул мебошад.

Ин мард соҳиби ҳафт фарзанди мактабхон буда, аз сабаби надоштани маблағ онҳоро ба мактаб равон намекунад: “Даромади рӯзмараи ман аз30 то 40 сомонӣ буда, барои иҷораи хона ва дигар хароҷот кифоят намекунад, куҷо монад барои масорифи лавозимот мактабӣ. Аз сӯи дигар бо сабаби карантин тули ду моҳ бекор будам. Ташвиши ман бештар гурӯсна намондани фарзандонам мебошад, на саводнок кардани онҳо»,-мегӯяд ӯ. 

Аммо Мирмуҳаммад Амин, як паноҳандаи дигари Афғонистон дар қиёс бо Аҳмади Муҳаммадназир новобаста аз бекориву мушкили зиндагӣ, дар масъалаи таҳсили фарзандонаш талоши бештар дорад.

Мирмуҳаммад Амин, корманди  Созмони миллали Муттаҳид дар Афғонистон буду феълан дар Тоҷикистон бекор аст. Ба қавли ин ҳамсуҳбатам, ташвиши ояндаи фарзандонаш ӯ ва хонумашро гирифтори бемории асаб кардааст: «Пеш аз сафар ба Тоҷикистон, дар бораи ин кишвар тасаввуроти дигар доштему аз набуди ҷойи кор бехабар будем. Ба умеди зиндагии беҳтар, ояндаи равшан барои фарзандонамон ва амнияти сартосарӣ ба Тоҷикистон паноҳ овардем. Ман 5 фарзанд дорам, ки 4 фарзандам дар мактаби афғонии “Сомониён» дар Душанбе таҳсил доранд. Пули моҳонаи ин мактаб 100 сомонӣ ва пули кирои роҳ 250 сомонӣ буда, як моҳа масрафи ҳар фарзандам то 350 сомониро дар бар мегирад, ки аз сабаби надоштани маблағ чанд моҳ қарздор мебошем. Мо мехоҳем, ҳадди аққал барои интиқоли фарзандонамон ба мо кумак шавад».

Мирмуҳаммад Амин

«Моҳҳои зиёдаст, ки гӯштро харидорӣ накардаем»

Ҳасан Раҷабӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунаду панҷ фарзанд дорад, ӯ низ аз мушкилии иқтисодиву бекорӣ шикоят мекунад: «Фарзандонам мехоҳанд  дар мактаби афғонӣ дар шаҳри Душанбе таҳсили худро идома диҳанд, аммо аз набуди маблағ танҳо фарзанди калониам дар мактаби Сомониён ва ду фарзанди дигарам дар яке аз мактабҳои давлатии шаҳри Ваҳдат таҳсил мекунанд. Хуб мешуд агар як мактаби афғонӣ дар шаҳри Ваҳдат низ барои мо таъсис медоданд».

Раҷабӣ, ки дар Афғонистон шуғлаш қассобӣ буд, дар Тоҷикистон зиндагияшон вазнин гашта, мегӯяд, «моҳҳои зиёдаст, ки гӯштро харидорӣ накардаем». 

Мактаби Сомониён, яке аз се мактаби таъсисгашта дар соли 2000-ум аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мебошад, ки барои фарзандони шаҳрвандони Афғонистон равона гаштаасту то ба имрӯз фаъолият дорад.  Мактабҳои «Истиқлол» ва «Ориёно» низ барои фарзандони паноҳандагон ва шаҳрвандани афғонтаъсис гардида буд, ки бо сабаби интиқол ёфтани муҳоҷирон ва кам шудани шогирдон баста шудаанд. 

Ноҷия  Зоҳирӣ, мудири мактаби «Сомониён» мегӯяд, шумораи шогирдон дар мактаб аз 370 то 380 ва  шумораи  устодон бошад 27 нафарро ташкил медиҳанд. Дарсҳо бошанд, тибқи барномаи Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ монда шуда, ду мазмун (дарси) иловагӣ, забони русӣ ва тоҷикӣ низ ба шогирдон омӯзонида мешавад.

«Кирои бинои мактаб аз тарафи Вазорати маорифи Чумҳурии Исломии Афғонистон пардохт гардида, ба устодон маош муқарар нашудааст, маблағҳое, ки аз тарафи тоҷирон ва хайрхоҳони афғони муқими Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешаванд, барои кирои роҳи устодон пардохт мегарданд»,-мегӯяд мудири мактаб. 

Ноҷия Зоҳирӣ

Сафорат чӣ назар дорад?

Дар Сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки дар ҳақиқат як миқдор маблағ аз ҷониби шогирдон барои пардохти баъзе масориф ҷамъоварӣ мешавад ва он ҳам ихтиёрӣ мебоашд.

Сафорат тасмим дорад барои кумак ба паноҳандагоне, ки дар шаҳри Ваҳдат қарор доранд, мусофиирбаре (автобусе) омода намояд, то фарзандони онҳо ройгон ба мактаби Сомониёни шаҳри Душанбе биоянду бираванд.

Аммо, на ҳама паноҳандагони афғоне, ки дар шаҳри Ваҳдат қарор доранд, омодаанд фарзандонашонро аз сабаби дурии роҳ ба мактаби Сомониён равон кунанд. Бархе аз гурезаҳо фарзандонашонро ба курси забонҳои хориҷӣ, ки аз тарафи худи паноҳандагон таъсис шудаанд, мефиристанд.

Зармина Каримӣ, яке аз хонумҳои афғон, ки соҳиби шаш фарзанд аст, фарзандонашро барои омӯхтани забони англисӣ, ба яке аз марказҳои забономӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат мефиристад. Вай мегӯяд, шароити ба мактаби Сомониён шомил кардани фарзандонашро надораду, фарзандонаш дар мактабҳои давлатӣ, ки ройгон аст, таҳсили худро идома додан намехоҳанд. Нигаронии Зармина Каримӣ бештар қимати иҷораи хонааш аст:    

“Хонаеро, ки киро кардам, 1000 сомонӣ дар моҳ буд, аммо соҳиби хона дар шароити сахти пандемия қимати хонаро 1500 сомонӣ кард. Ман тавони пардохти чунин маблағро надораму соҳиби хона бошад, арзиши иҷораи ин хонаро аз 1500 сомонӣ арзон карданӣ нест. Аз сабаби намнок будани ин хона бемор шудаму дар шифохонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ будам, аммо бо пайдо нагардидани хонаи арзонтар, маҷбурам дар ҳамин хона бимонам»,-ба дард мегӯяд ӯ.
Зармина Каримӣ

«Бо омадани гурезаҳои афғон, арзиши иҷораи хона боло рафт»

Мушкили боло рафтани кирои хонаро сокинони шаҳри Ваҳдат дар бисёр шудани паноҳандагони афғон мебинанд.

Фараҳноз, сокини  шаҳри Ваҳдат мегӯяд, дар деҳа манзили истиқоматӣ дорад, аммо бо сабаби хӯрд будани фарзандонаш ва гармтар гузаронидани фасли сармо хост як хонае дар биноҳои баландошёна иҷора гирад, вале ба ин муваффақ нашуд:

«Иҷораи хона аз 1500 то 2500 сомонӣ аст, ки ман шароити пардохти чунин маблағро надорам. Аз сӯйи дигар аксар соҳибони хонаҳо пешпардохт аз шаш то як солро мехоҳанд. Чанд соли пеш иҷораи хона дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Ваҳдат 200-300 сомонӣ буд, афғонҳо, ки зиёд омаданд, арзиши кирои хонаҳо низ боло рафт».

Бархе аз гурезаҳои афғон низ ҳамватанонашонро дар боло рафтани арзиши манзилҳои иҷора гунаҳгор меҳисобанд, зеро ба қавли онҳо аксар гурезаҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ меоранд, сармояи зиёд дошта, парвои кирои баландро низ надоранд, «маблағи хосташударо медиҳанду қимати хонаҳоро низ баланд мебардоранд».

«Мо ки нархҳои иҷораро намедонем, фиреб мехурем»

Мирмуҳаммад Амин

Аҳмадулло Шарифӣ, соле қабл бо хонум ва се фарзандаш ба Тоҷикистон паноҳ оварданду дар ин ҷо касеро намешинохтанд ва хонаи як утоқаеро дар шаҳри Ваҳдат иҷора гирифта, 2600 сомонӣ пардохт мекарданд. Аммо пас аз пайдо кардани дӯстон хабар шуд, ки арзиши хонаи иҷора гирифтааш баланд асту ба худ хонаи муносибе бо маблағи камтар пайдо кард. 

Ба монанди Аҳмадулло Шарифӣ ҳастанд паноҳандагони афғоне, ки аз надонистани арзиши иҷора ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби афроди қаллоб фиреб мехӯрданд.

Ҳато дар гуручӯби чанд тан аз гурезаҳои афғон, ки аз бемории COVID 19 фавтиданд, чунин ҳолатҳои фиребу талаб кардани маблағ ба назар расидааст, гуфтанд онҳо дар суҳбат бо мо. Қобили зикр аст, ки 21 нафар паноҳандаи афғон аз ин беморӣ ковид фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.