Донишкадаи тиббиву иҷтимоии Тоҷикистон - ягона мактаби олии хусусӣ ё ғайридавлатии Тоҷикистон ҳам шомили Маркази миллии тестӣ шудааст ва довталабони он имсол тариқи ин марказ имиҳон месупоранд. Ба ҷуз ин ду коллеҷи дигари тиббӣ дар Бохтар ва Данғара ҳам ба ин Марказ пайвастаанд, гуфт Хуршед Икромӣ, мудири ин ниҳод дар нишасти хабарии имрӯз.

Донишкадаи тиббиву иҷтимоии Душанбе соли гузашта мақоми мактаби олиро ба даст овард, ки то ин замон Коллеҷи тиббиву иҷтимоии Душанбе буд.  

Мудири Марказ мегӯяд, ки соли гузашта онҳо қоидаҳои нави имтиҳоноти дхилшавиро коркард кардаанд, ки супурдани як имтиҳоне, ки аз ҷузъҳо иборат буд, як имтиҳон супурдаанд. Ба назари  Икромӣ ин кор натиҷаи хуб додааст ва кори қабули имтиҳонҳоро осон кардааст.

Абдулбосит Шодиниё дар ин нишаст изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз довталабон бархе аз тахассусҳои техникиро интихоб намекунанд ё хеле кам интихоб мекунанд. Ӯ гуфт соли гузашта, ҳатто тахассуси геология ва ҳайкалсозиро дар баъзе донишгоҳҳо касе интихоб накард. Ҳарчанд тибқи нақша ин тахасссусҳо бояд 15-20 нафар донишҷӯ мегирифтанд. 

Ин ниҳод мегӯяд, ба далели дастрасӣ надоштани аксари довталабон ба шабакаи интернет онҳо бархе хидматрасониҳои ин марказро натавонистаанд истифода кунанд. Барои ҳамин ин марказ  хидматрасониҳоеро татбиқ кардааст, ки бидуни дастрасӣ ба интернет ҳам мешавад аз онҳо истифода кард. 

Пайвастани  ягонаи мактаби олии ғайридавлатии Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи доштани мактабҳои олии хусусӣ чандон муваффақ нест. Чанд сол дар Тоҷикистон ин гуна донишкадаву донишгоҳҳо буданд, аммо бо ҳар баҳонае онҳоро аз низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон берун карданд.

Аз ҷумла дар солҳои 2010-2011 сарнавишти Донишкадаи технологияи иноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон баҳсҳои зиёде дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт, ки саранҷом ба қатъи фаъолияти он анҷомид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.