Сомон Ҳабибов, узви мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА (ЦСКА) оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Русия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Мусобиқа байни хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои макотиби олии низомии Вазорати мудофиаи Русия ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи ин кишвар баргузор шуд.


Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург - курсанти Донишккадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Русия дастболо шуд.


То замони дохил шудан ба мактаби олии ҳарбӣ Сомон Ҳабибов назди мураббӣ Мирзо Шамсиев машқу тамрин мекард.

Айни замон Сомон Ҳабибов аз ду дастаи муштзании КМВА (ЦСКА) ва “Дастаи бокси Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)” намояндагӣ мекунад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.